Рамазон Садуллоевро дар Инстаграм зиёда аз 370 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Ӯ ба сохтан ва таҳияи наворҳои иҷтимоӣ ва ошиқона машғул аст. Мегӯяд, қаҳрамони асосии қисми зиёди наворҳояш худаш аст, зеро дар зиндагӣ шикасту рехтҳои хеле зиёд дидааст. Мо бо ин блогери ҷавон доир ба ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти блогериаш, ки пайраҳаи начандон ҳамворро тай кардааст, суҳбат кардем.
- Шумо аз ҷумлаи блогероне ҳастед, ки хеле пеш ба блогинг омадед, бигӯед, чӣ гуна шумо блогер шудед?
- Соли 2020 ба блогинг омадам. Он замон ҳамватанонамон хеле кам ба ин соҳа ворид мешуданд, зеро аксарият ба андешае буданд, ки оянда надорад. Фикр мекунам, сабаби асосии ба ин соҳа омадани ман ин шавқу рағбат доштан аст. Кунҷкоб будам ва бисёр мехостам соҳаи навро таҷриба кунам.
- Мақсадатон аз блогерӣ чист: пул кор кардан, машҳур будан, хизмат кардан ё чизи дигар?
- Аз ҳама зиёд хизмат кардан. Сабаби каме ҳам муваффақ шуданамро дар он мебинам, ки ҳеҷ вақт пулро дар ҷойи аввал нагузоштаам, балки мақсад ба аудитория чизи хуб додану камбудиву норасоиҳоро маҳкум кардан аст.
- Наворҳои шумо асосан иҷтимоӣ-ҳаётӣ ҳастанд. Бигӯед, ки сенарияҳоро кӣ менависад ва чаро чунин мавзӯъҳоро нишон медиҳед?
- Ман сенаристи асосӣ надорам, балки аксари мавзӯи наворҳоям аз ҳаёти худам ҳастанд.
- Навори охирини шумо порае аз кадом филмест, ки нусхабардорӣ шудааст. Доир ба нусхабардорӣ дар эҷод ва кори блогерӣ чӣ назар доред, оё ба имиҷи шумо доғ намеорад?
- Пӯшида нест, ки аксари блогерони тоҷик ба нусхабардории матолиби хориҷиҳо машғуланд ва ин бад нест. Таҷриба аст, онҳо сабаб мешаванд, ки барои эҷод кардани чизҳои нав даст мезананд. Доир ба он порчаи филми қазоқӣ бошад, бояд бигӯям, ки ба зиндагии шахсиам алоқаманд аст. Чунин наворҳои эҳсосотӣ ба услуби кориям мувофиқ аст ва онро мо таҳия кардем. Дар масъалаи доғ бошад, фикр намекунам, ки як навор корномаи блогериамро барҳам занад, зеро асосан дар корҳои эҷодӣ нусхабардориву аз рӯи ҳамдигар гирифтан хеле зиёд аст.
- Зиндагӣ ва ишқ дар маркази таваҷҷуҳи шумо ҳастанд. Ман ҳамчун тамошобини наворҳои шумо пас аз шинос шудан бо мазмуни онҳо ба хулосае омадам, ки дар зиндагӣ азоб кашидаеду аз ишқ шикаст дидаед. Оё хулосаам дуруст аст?
- Бале, дуруст дарк кардаед. Пеш аз оиладор шудан аз ишқ хеле шикаст хӯрдаам. Азбаски аксари наворҳоям мазмунан ба зиндагии шахсиам дахл доранд, то андозае кӯшиш мекунам ишқи самимӣ, азобҳои он ва ҳамчунин хушиҳоро нишон диҳам. Аслан, зиндагӣ бе ишқ маънӣ надорад ва хоҳ нохоҳ ҳар шахс ошиқ мешаваду ё азоб мекашад ва ё аз ин неъмат лаззат мегирад.
- Бо наворҳои таҳиякардаатон ба аудитория чӣ гуфтан мехоҳед?
- Наворҳои зиёд дар мавзӯи доғи рӯз таҳия кардаам. Барои мисол, гапи волидонро нагирифтани ҷавонон, беҳудагардию кӯчагардӣ, амалҳои номатлубу ношоиста кардани бархеҳо ва ғайраҳо. Бо ин наворҳо чунин рафтору кирдорро маҳкум мекунам ва мехоҳам барои насли наврас қаҳрамонҳои матолиби ман боиси ибрат бошанд.
- Ҳар он чизе, ки бо наворҳоятон нишон додан мехоҳед, оё мардум мақсадатонро мефаҳманд?
- Албатта, ба ман бисёр менависанд, ки дар наворҳои ман худро мебинанд. Каму кости зиндагиашонро муқоиса мекунанд ва хулоса мебароранд. Мо хоҳем нахоҳем, акнун ҳоло бисёриҳо моро тамошо мекунанд ва хулоса мебароранд. Ин масъулиятро дарк кардаем.
- Чӣ бояд кард, то ки блогерони мо монанди блогерони кишварҳои хориҷа миллионер шаванд?
- Барои ман дар ин соҳа пул кор кардан мақсади аввалиндараҷа нест, балки ман барои обрӯ кор мекунам. Агар аз пушти пул давӣ, пулдор намешавӣ.
- Дар наворҳои шумо духтарони гуногун нақш мебозанд. Онҳо хизматашонро барои шинохта шуданашон анҷом медиҳанд ё боз гонорар ҳам мегиранд?
- Ба бархе духтарон барои нақшофарӣ гонорар медиҳам.
- Ба ҳисоби миёна чанд сомонӣ сарф мекунед дар як наворатон?
- Аз 500 то 1500 ҳазор сомонӣ сарф мешавад.
- Бо даромади блогерӣ метавон зиндагиро пеш бурд?
- Кам нафаронеро мешиносам, ки аз ин соҳа пули хуб кор мекунанд. Аммо агар қудрату тавоноиро хуб истифода бурда тавонӣ, албатта зиндагиро пеш бурда мешавад. - Агар фармон ё қароре барояд, ки аз имрӯз пас дигар блогерон иҷозати кор кардан надоранд, шумо чӣ кор мекунед?
- Фикр мекунам, ки ҳар кас берун аз кораш бояд боз варианти дигарро ҳам дошта бошад. Шукр, ман ҳам кори дигар бо даромади хуб дорам. Агар блогинг “мурд”, ба он мегузарам.
- Блогинги мо чӣ мушкил дорад?
- Хеле камбудиву норасоиҳо ҳастанд, аммо кам касон мефаҳманд. Масалан, барои матлаби хуб пешниҳод кардан, бояд ҳар блогер оператор, сенарист ва менеҷер дошта бошад.
- Ҳоло масъалаи андози блогерон мавзӯи баҳснок аст. Оё шумо ҳам андоз месупоред ва агар супоред, тахминан чанд сомонӣ дар як моҳ?
- Ман андоз намесупорам, зеро то ҳол расман даъват нашудаам.
- То чанде пеш фикр доштем, ки бачаҳо дар вақти бекориашон ба блогинг машғул мешаванд, ҳоло бошад, блогерро ҳамчун коргар мешиносем. Ба фикри шумо чӣ сабаб шуд, ки фикри мардум иваз гардид?
- Ду соли охир хеле пешравӣ шуд дар блогинги тоҷик. Бачаҳо хеле хуб ҳаракат карда истодаанд. Барои мисол, солҳои пеш блогерро бекорхӯҷа мегуфтанд, аммо ҳоло блогерон дар чорабиниҳои гуногун иштирок мекунанд, мавқеи шаҳрвандии худро дар дилхоҳ мавзӯъ баён мекунанд ва мардум онҳоро ҳамчун намояндаи як касби даркорӣ шинохтаву қабул карда истодаанд.
- Блогерӣ чӣ душворӣ дорад?
- Обрӯро ёфтан ва онро ҳифз кардан дар блогинг хеле муҳим ва душвор аст.
- Мо бисёр мебинем, ки баъзе фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро, ки худро ҳамчун блогер муаррифӣ мекунанд, бо ҷурми нашри наворҳои бадахлоқона 7-10 рӯз паси панҷара мебаранд. Ба фикри шумо чаро онҳо видеоҳои нохуб мекунанд ва оё будани онҳо доғ дар блогинг нест?
- Албатта, ки доғ ҳастанд. Бархеашон мехоҳанд “хайп”-ро истифода карда, машҳур шаванд, аммо сахт хато мекунанд. Дар баробари ин, аз мақомоти интизомӣ хеле миннатдорем, ки чунинҳоро ҷазои сазовор медиҳанд.
- Аҳли оилаатон ба блогер будани шумо чӣ фикр доранд?
- Хуб қабул кардаанд ва то андозае дастгирӣ мекунанд.
- Маълумоти олӣ доред?
- Маълумоти олӣ надорам. Чун падарам дар барам набуд, имкони таҳсил дар мактаби олиро надоштам. Аммо ният дорам, ки имсол ба донишгоҳ дохил шавам.
- Чанде пеш наворе нашр кардед, ки пас аз солҳои зиёд бо падаратон вохӯрдед. Ҳоло муносибататон бо падар чӣ гуна аст?
- Ростӣ, вақти кӯдакии ман падару модарам ҷудо шуда буданд. Ман 17 сол падарамро надида будам. Дар он навор аввалин вохӯриамонро нишон дода будем.
- Ҳоло бо падаратон рафтуомад доред?
- Не, зеро қарсак аз ду тараф мешавад. Агар ишора шавад аз он тараф, ман омодаам, ки дастгирӣ кунам.
- Барои боз ҳам пешравии кори шумо чӣ лозим аст?
- Албатта, сарпараст лозим аст.