sebiston july new
Ралик ҳам ҳоҷӣ шуд
1019

Рэпсарои маъруф Рамазон Муродов ё Ralik ба хонаи Худо рафта, ҳоҷӣ шуд.

Хеле пеш овозае буд, ки Рамазн ҳоҷӣ шуда, рэпсароиро бас мекунад. Инак, ӯ дар сафҳаи Инстаграммаш бо нашри чанд акс хабар дод, ки акнун дигар Ралик не, балки Ҳоҷӣ Рамазон аст.

Дар наворҳое, ки саҳифаи Қори Салоҳ дар ютуб нашр кардааст, ӯ гуфтааст, Рамазон дар Макка зан мегирад ва тамоми харҷи роҳу тӯйи арӯсро онҳо мепардозанд. Шояд ин ҳазл бошад, зеро Рамазон ба наздикӣ оиладор шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, 21 – уми декабри соли 1998 ба дунё омада, тӯли чанд соли охир ҳамчун сарояндаи рэпҳои ошиқӣ маъруф аст.

Пештар аз ин Шаҳбоз Шарипов ё Шон МС, рэпсарои дигар низ, бо дастгирии Қори Салоҳ ҳоҷӣ шуда буд. Ин нафар ваъда додааст, ки агар кадом рэпсаро ин самтро тарк кунад, ӯро ройгон ба зиёрати Каъбаи муқаддас мебарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нигарон 2023-08-18, 23:43
Ралика ба репуш қуз монда ……
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нигарон 2023-08-18, 23:43
Ралика ба репуш қуз монда ……
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД