arzon replenishment
Раиси ноҳияи Вахш: Домоди арӯси худкушӣ карда бемории рӯҳӣ доштаанд, вале...
1508


Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш дар нишасти матбуотӣ сабаби даст ба худкушӣ задани як ҷуфти навхонадоронро дар деҳаи Якатут маънидод намуда, гуфт “домоду арӯс бемории рӯҳӣ доштаанд!”

Ёдрас мешавем, ки домоди ноком Шарифбек Зиёев, сокини ноҳияи Вахш ва арӯсаш Гулҳавас Шоева, ки сокини ноҳияи Кӯшониён баъди маҳфили арӯсиашон, шаби 26 ба 27-уми марти соли 2022 тахминан соатҳои яки шаб дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро ба дор овехтанд.

Мақомот ин ҳодисаи нохушро ҳамчун худкушӣ арзёбӣ намуданд, вале волидони ҷавонони ормонӣ, махсусан падару модари арӯси ҷавонмарг Гулҳавас Шоева ба худкушӣ кардани духтарашон бовар надоштанд, аммо...
Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов мегӯяд:
“Мувофиқи маълумоте, ки мо дорем, онҳо бемории руҳӣ доштаанд. Инро на падарашон медонад, на касе медонад. Ягон ҷангу ҷалҷол ҳам нашудааст. Ростӣ, хуб нест. Мо ҳам ҳайрон, ки чаро чунин кор шуд”.

https://oila.tj/news/domodu-ars-charo-khudkush-kardand

Исмоилзода Салоҳиддин, прокурори ноҳияи Вахш низ дар робита ба ин мавзӯъ изҳори назар намуда гуфт:
“Аз ҷониби мо дар ин масъала қарор қабул карда шуд. Падару модарон пурсида шуданд. Яке аз далелҳое, ки онҳо бемории руҳӣ доштаанд, ин буд, ки онҳо чанд маротиба аз ҷониби мулло хонда шудаанд. Падару модарон ҳам гуфтанд, ки онҳо шабона баромада сари замин мерафтаанд. Мегаштаанд. Ҳаминҳо далелҳо мешаванд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД