arzon replenishment
Раис барои оилаи аскарбачаи шаҳидгашта хона месозад?
1064

 

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ тасмим гирифтааст, ки барои оилаи як сарбози шаҳид, ки дар муноқишаҳои марзӣ бо қирғизҳо ба ҳалокат расидааст, хонаи нав сохта диҳад...

Муродбек Маҳмадқулов, сарбози номуроди тоҷик моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Исфара аз тири сарбозони қирғиз кушта шуд ва акнун ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ тасмим гирифтааст, ки барои аҳли хонаводаи ин тоҷикбачаи шаҳид манзили истиқоматӣ бунёд намояд. Дар ин бора Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

"Мо бо шароити зисти оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов шинос шудем. Маълум шуд, ки оилаи сарбоз дар шароити вазнин зиндагӣ мекунанд. Мо замин ҷудо кардем ва тасмим гирифтем, ки барои волидайни ин сарбоз манзили зист бисозем",- гуфт Нишонзода.

Раиси ноҳия афзуд, ҳамчунин, мактаби рақами 33-и ноҳияро, ки Муродбек Муҳамадқулов онро хатм кардааст, ба номи ин сарбоз мегузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД