arzon replenishment
Раҳим Саидзода: Омӯзгор ҳуқуқи ҷамъоварии пули либоси мактабиро надорад
351

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ба роҳбарони раёсату шуъбаҳои маориф дастур додааст, ки омӯзгорон ба раванди хариди либоси мактабӣ аз ҷониби волидайн дахолат накунанд, зеро онҳо чунин ҳуқуқро надоранд.

Вазир гуфт, ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав амалӣ шуда, коргоҳҳои дӯзандагии дар асоси қарори якҷояи кумитаи падару модарони ҳар як муассиса, ки намунаҳои тавсиявиро барои писарон ва духтарон интихоб мекунанд, либосҳоро дӯхта, ба волидайни хонандагон пешниҳод мекунанд.

“Ягон кас, махсусан хонанда ё омӯзгор ҳуқуқи дахолат кардан ба ҷамъ намудани маблағ барои хариди либоси мактабиро надорад. Яъне, кумитаи падару модарон барои ин масъуланд ва маҳз онҳо аз худи коргоҳҳои дӯзандагӣ ё ярмаркаҳое, ки мешаванд, либосҳоро харидорӣ мекунанд”,- гуфт вазир.

Ба таъкиди вазир, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд, ки ҳар сол либоси ягонаро барои хонандагон иваз намоянд, зеро дар кишвар оилаҳое ҳастанд, ки серфарзанданд ва ҳар сол имкони харидорӣ намудани либоси нав барои фарзандонро надоранд. Бинобар ин, онҳо метавонанд либосҳои соли гузаштаи фарзандонро, ки навтар ва тозаанд, ба кӯдакони хурдтарашон барои истифода диҳанд.

Қайд гардид, ки бо гузаштан ба низоми ғайринақдӣ харидани либосҳои мактабӣ низ ғайринақдӣ хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД