Пагоҳ, 13-уми май, соати 08:00 Раҳим Саидзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи қабул дорад, навиштааст маркази матбуоти вазорати маориф ва илм дар саҳифаи фейсбукии худ.
Гуфта мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 109 вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода шаҳрвандонро қабул мекунад.