Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро эълон кард. Қуръакашӣ 26-уми июн баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 44-ум қарор дорад, дар сабади дуюм ҷой гирифтааст. Акнун дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар як гурӯҳ бо Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Австралия, Лубнон, Мянмар, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия бозӣ намекунад.
Дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026-ум 30 даста бозӣ мекунанд, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳро ташкил медиҳанд: шаш гурӯҳ аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ аз се даста иборат аст.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.