Ниммуҳофизатгари дастаи «Истиқлол» Амирбек Ҷӯрабоев беҳтарин футболбози моҳи апрел дар Лигаи олӣ эътироф гардид.
Бино ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, Ҷӯрабоев дар се бозии "Истиқлол" дар моҳи апрел беҳтарин бозигари дидор дониста шуд. Инчунин, ӯ 2 гол ва 1 партофти головар низ анҷом додааст.
Ҷоизадорони моҳ дар Лигаи олии кишвар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлавари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин футболбози моҳи март дар Лигаи олии Тоҷикистон эътироф шуда буд.