Formula novemver 2024
“Рақам” барои Суғд
25.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1026

Чӣ тавр “МегаФон Тоҷикистон” интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?

Муштариёни суғдиро муштариёни “аз ҳама рақамӣ” меноманд, ҳеҷ набошад, дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ҳиссаи истифодабарандагони интернети мобилӣ дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар нисбатан баландтар аст. Лекин дар интернет онҳоро маҳз чӣ ҷалб месозад? Мо қарор кардем, дар ин масъала аз директори раёсати минтақавии ширкат дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов маълумот гирем.

- Муштариёни суғдии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” интернети мобилиро бо майли том истифода мебаранд. Барои чӣ – оё Шумо хизматрасониҳое доред, ки аз хизматрасониҳои дигар операторон фарқ мекунанд?

- Фарқи асосии мо аз ҳамкорони бозори соҳавӣ шояд дар суръати роҳандозии инноватсияҳо бошад. Дар соҳаи телеком хизматрасониҳои ҳама шабеҳи якдигаранд, муҳим он аст, ки мизоҷони кадоме аз операторҳо ба онҳо аз ҳама пештар дастрасӣ пайдо мекунанд. Ба мо муяссар мешавад, ки навгониҳои ҷолибро аввалин шуда пешниҳод намоем. Мисоли оддӣ – роҳандозии тарофа-конструктори нодири “Биё! Бисоз”. Сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бо дастони худ ба ихтиёри худ бастаи хизматрасониҳоро дар дохили тарофаҳояшон бисозанд, ва моҳиятан, арзиши онро низ муайян намоянд. Барои бозори алоқа ин имконияти комилан наву беназир баромад.

Баъзе аз маҳсулоти мо аллакай чандин сол арзи ҳастӣ доранд, лекин то ҳол шабеҳи онҳо дар телеком-бозор дида намешавад. Ин, масалан, замимаи мобилии “МегаФон Life” мебошад. Он ҳамчун як воситаи худхизматрасонӣ – бо мақсади пуркунии тавозун, ивази тарофа, пайвасткунии хизматрасониҳо пешбинӣ гардида буд. Алҳол бошад, он ба як воситаи нодире табдил ёфтааст, ки тариқи он метавон масъалаҳои рӯзмарраро ба осонӣ ҳал кард. Пардохти маблағи хизматрасониҳои ХМК зарур аст? Марҳамат – вориди замима шавед ва пардохт намоед. Тариқи ҳавопаймо парвоз карданӣ ҳастед? Функсияи хариди чиптаҳо дастрас аст. Маҳз чунин имкониятҳои рақамӣ МегаФон Тоҷикистонро дар назди суғдиён боз ҳам ҷаззобтар менамоянд.

- Ин имкониятҳо ба ҳамаи муштариён дастрасанд? Шумо шабакаро дар вилояти Суғд чӣ тавр инкишоф медиҳед?

- Бунёду муосиргардонии шабака дар тамоми ҳудуди кишвар ҷараён доранд, лекин ба минтақае, ки дар он муштариёни “аз ҳама рақамӣ” зиндагӣ мекунанд, диққати махсус зоҳир мешавад. Диққати асосӣ ба алоқаи насли чорум равона шудааст, зеро шабакаи 4G суръатҳои баланди интернети мобилиро таъмин менамояд. Алҳол дар Суғд раванди бунёду бакордарории 25 майдони нави пойгоҳҳои базавӣ идома дорад. Қайд менамоям: ин майдонҳое мебошанд, ки дар онҳо метавон якчанд пойгоҳҳоро ҷойгир карда, ҳамин тариқ фарогирии ҳудуд ва сифати телеком-хизматрасониҳоро беҳтар намуд. Шабакаи 4G дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вусъат бахшида хоҳад шуд.

Албатта бунёди пойгоҳҳои нави базавӣ дар манотиқи дурдаст бисёртар хусусияти иҷтимоӣ дорад. Теъдоди сокинони маҳаллӣ зиёд нест, барои ҳамин дар бораи зуд бароварда шудани хароҷот дар доираи сармоягузориҳои суратгирифта ҳатто сухан наметавон гуфт. Лекин мо тамоми хароҷоти зикршударо ба зиммаи худ мегирем, зеро барои ноҳияҳои дурдаст алоқа хизматрасонии ниёзи аввал ба шумор меравад. Дар вилояти Суғд алоқаи мо, ва албатта хизматрасониҳои рақамӣ ба бисёри сокинон дастрас ҳастанд. Масалан, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва худи сарҳад бо Қирғизистон.

- Оё ширкат барномаи “сирф иҷтимоӣ” дорад?

- Албатта. Ҳатто чунин мегӯям: онҳо набуда наметавонанд. Мо худ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастем ва мехоҳем, ки ҳаёт дар кишвар беҳтар бошад. Ин маънои онро дорад, ки барои ин мо бояд тамоми кӯшишҳои имконпазири худро ба харҷ диҳем. Қариб аз оғози фаъолият ширкати мо ба хонаҳои кӯдакон кӯмак мерасонад, лоиҳаҳои омӯзишӣ ва варзишро дастгирӣ менамояд. Дар соли 2024 бошад, мо нахуст ҳамкории зичро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи мунтахаб роҳандозӣ кардем. Вохӯрии ситораҳои футболро бо дӯстдорони варзиш ташкил менамоем, дар оғози сентябр дар Душанбе ҷашни калони футбол барои мухлисони ҳамаи синну сол баргузор шуд. Метавонед тасаввур кунед, ки барои писарбачагони имрӯза фишурдани дасти бозингари дастаи мунтахаб ва туҳфа гирифтани тӯб бо соядасти ӯ чӣ аҳамият дорад?

Корҳои васеъро мо инчунин бо мактабҳои олии вилояти Суғд амалӣ менамоем. Вазифа – ба донишҷӯён расонидани маълумот дар бораи технологияҳои муосир, пуррагардонии назарияи китобҳои таълимӣ бо маълумот доир ба рӯйдодҳои ҷолибтарине, ки алҳол дар соҳаи телеком ба мушоҳида мерасанд. Масалан, дар тирамоҳ мо машғулиятҳои омӯзиширо барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар Бӯстон баргузор намудем. Дар интиҳо хотиррасон мекунам, ки МегаФон Тоҷикистон мунтазам консертҳои бомиқёсро низ доир менамояд ва онҳо ҳам рӯйдодҳои барҷастатарину рангини фарҳангӣ ба шумор мераванд. Мутмаинам, бисёри суғдиён тобистони соли гузашта дар консерти ситораҳои эстрада ва KidsDay иштирок намуданд. Он вақт 30 ҳазор сокинони Суғд меҳмони чорабиниҳои зикршуда гардиданд. Мо дар рӯзҳои идона дар паҳлуи сокинони Тоҷикистон ҳастем.

 

«Цифра» для Согда

Как МегаФон Таджикистан развивает в регионе мобильный интернет

Согдийских абонентов называют «самыми цифровыми» – по крайней мере, в сети «МегаФон Таджикистан» доля пользователей мобильного интернета выше, чем в других регионах страны. Но что привлекает их в интернете? Это мы решили выяснить у директора регионального управления компании по Согдийской области Рахматджона Рахматова.

- Согдийские абоненты компании «МегаФон Таджикистан» охотно пользуются мобильным интернетом. Почему – у вас есть услуги, которые отличаются от услуг других операторов?

- Наше главное отличие от коллег по рынку – пожалуй, скорость внедрения инноваций. В телекоме у всех похожие услуги, важно, чьи клиенты получают к ним доступ раньше. А нам удаётся предлагать интересные новинки первыми. Сравнительно недавний пример – запуск уникального тарифа-конструктора «Включайся! Создавай». Жители Таджикистана получили возможность своими руками формировать пакет услуг внутри тарифа. А по сути, определять его стоимость. Для рынка связи это стало революционным решением.

Некоторые наши продукты существуют несколько лет, но до сих пор не имеют аналогов на телеком-рынке. Это, например, мобильное приложение «МегаФон Life». Оно создавалось как инструмент самообслуживания – для пополнения баланса, смены тарифа, подключения услуг. А сейчас это суперапп, позволяющий решать многие ежедневные вопросы. Нужно оплатить услуги ЖКХ? Пожалуйста – заходите в приложение и оплачиваете. Собираетесь полететь на самолёте? Есть функция покупки авиабилетов. Такие цифровые решения и делают МегаФон Таджикистан привлекательным для согдийцев.

- Эти решения доступны всем абонентам? Как вы развиваете сеть в Согдийской области?

- Строительство и модернизация сети идут по всей стране, но региону, где живут «самые цифровые» абоненты, уделяется особое внимание. Акцент на связи четвёртого поколения, потому что сеть 4G – это высокие скорости мобильного интернета. Сейчас в Согде идёт строительство и запуск порядка 25 новых площадок базовых станций. Подчеркну: это площадки, на каждой можно разместить несколько станций для улучшения покрытия территории и качества телеком-услуг. Сеть 4G будет усилена по всем городам и районам Согдийской области.

Конечно, строительство новых базовых станций в отдалённых районах часто носит социальный характер. Число местных жителей мало, говорить о быстрой окупаемости инвестиций не приходится. Но мы берём на себя эти расходы, ведь для труднодоступных районов связь – услуга первой необходимости. В Согдийской области наша связь – а значит, и цифровые услуги, – доступна большинству жителей. Например, в Горно-Матчинском районе на самой границе с Кыргызстаном.

- А есть ли у компании «чисто социальные» программы?

- Разумеется. Даже скажу так: их не может не быть. Мы сами – граждане Таджикистана и хотим, чтобы жизнь в стране была лучше. А значит, нужно делать для этого то, что в наших силах. Практически с самого начала работы наша компания помогает детским домам, поддерживает образовательные проекты, спорт. Из нового – в 2024 году мы начали плотно сотрудничать с Федерацией футбола Таджикистана и национальной сборной. Организуем встречи футбольных звёзд с любителями спорта, в начале сентября в Душанбе состоялся большой праздник футбола для болельщиков всех возрастов. Представляете, что значит для сегодняшних мальчишек пожать руку игроку сборной и получить в подарок мяч с его автографом?

Большую работу мы ведём с вузами страны и Согдийской области в частности. Задача – рассказывать студентам о современных технологиях, дополнять теорию из учебников информацией о том, что интересного происходит сейчас в телекоме. Например, осенью мы провели мастер-классы для студентов Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики, Худжандского государственного университета, Таджикского государственного университета коммерции, Горно-металлургического института Таджикистана в Бустоне. В завершение напомню, что МегаФон Таджикистан регулярно организует и масштабные концерты, которые становятся яркими культурными событиями. Уверен, что многие согдийцы летом прошлого года были участниками концерта звёзд эстрады и KidsDay. Гостями этих мероприятий стали более 30 тысяч жителей Согда. Мы и в праздники рядом с жителями Таджикистана.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД