Formula novemver 2024
Раҷаббой Аҳмадзода ба футболистон чӣ гуфт?
490


Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мураббиён ва ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» доир гашт.

Дар ин бора Пресса. ТЧ дар такя ба Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дастаҳои пурқуввати вилоят, аз қабили дастаҳои «Хуҷанд» ва «Эсхата дар лигаи олии кишвар низ бозӣ мекунанд. «Эсхата» нишондиҳандаҳои хуб дошта, дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи аввал қарор дорад, аммо дастаи футболи «Хуҷанд» дар зинаи нуҳум меистад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти клуб ва мураббиён барои ислоҳи қамбудиҳо ва беҳтарсозии нишондиҳандаҳо супоришҳои мушаххас дода, таъкид кардааст, ки барои машқу тамрини бозигарон тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуд аст ва дастаи футболи «Хуҷанд», ки панҷ маротиба Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст, бояд мавқеи худро дар мусобиқот беҳтар созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД