Бо сабаби бо таври зарурӣ надонистани забони русӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқиашон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик наметавонанд дар Русия аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намоянд ва тез-тез гирифтори хушунату зӯроварӣ ва таҳқиру таҳдид мегарданд. Субҳи имрӯз дар Инстгарам ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ боз як навори видеоӣ пайдо шуд, ки аз муносибати бисёр дағалона бо муҳоҷирон дарак медиҳад. Ин навори пурсару садо аз як шӯъбаи минтақавии Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Воронеж бардошта шудааст. Дар навор бараъло дида мешавад, ки чи тавр корманди пулис ҳангоми гирифтани изи ангушт ва акси як муҳоҷири ҷавон, ки риши кӯтоҳи сиёҳ дорад, чанд бор ӯро бо дасташ мезанад, тела медиҳад ва бо ҳар роҳу восита, шаъну шарафи инсониашро поймол мекунад.
Ин бори аввал нест, ки лату кӯб ва муносибати дағалонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, хоса муҳоҷирони тоҷику ӯзбек расонаӣ мешавад. Қаблан низ чандин ҳолатҳои дағалӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ сабт шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда буданд, вале муттаасифона ташкилотҳои зиёде бо ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон машғул бошанд ҳам, дар асл муҳоҷирони меҳнатӣ дар мулки ғурбат кам андар кам пуштибонӣ меёбанд.