Sebiston new 2024 october
Президенти Тоҷикистон ба сарояндаи афғон чӣ гуфт?
2801

Фаҳам Фано-сарояндаи афғон дар ҷашнвораи 30-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазъи имрӯзаи кишвараш Афғонистонро бо як пора шеър бо овози зинда сароид ва аксари нишастагон ашк рехтанд.

Дар ин консерти идона, ки намояндаҳои вазорату идораҳои давлатӣ дар он ширкат доштанд, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаҳам Фано пешниҳод кард, ки дилхоҳ сурудро бо овози зинда сарояд. Фано бо садои дардолуд ин мисраҳоро суруд:

Беошиёна гаштам, хона ба хона гаштам,
Бе ту ҳамеша доғам, шона ба шона гаштам.
Ишқи ягонаи ман, аз ту нишонаи ман
Бе ту намак надорад, шеъру таронаи ман
Сарзамини ман!
Хаста-хаста аз ҷафоӣ.
Сарзамини ман, бе сурудӣ, бе садоӣ!
Сарзанмини ман, дардманду бедавоӣ!
Сарзамини ман!

Ҳангоми танини ин таронаи саршр аз дарду ҳасрат аксари аҳли нишаст ашк рехтанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи ҳамдилӣ ба халқи дӯсту ҳамсоя иброз дошт, ки мо ҳаргиз мардуми афғонро танҳо намегузорем.
“Рӯҳафтода набошед, вақт ҳамаи чизро дар ҷои худаш нишон медиҳад. Иншооллоҳ ин рӯзҳои сахту сангин ҳам паси сар мешаванд. Беватанӣ зинда дар гӯр даромадан аст. Мо ҳам айнан ҳамин рӯзҳоро паси сар кардем. Миллионҳо гуреза буданд, 157 000 кушта шуданд. Бо меҳнату сарҷамъи ҳамаро ба даст овардем. Ҳар чизе мебинед, баъдан барқарор шуд. Мо кушиш мекунем ва мардуми афғонро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорем,”-дар симои ин ҳунарманди афғон тамоми мардуми ин сарзамини азияткашидаро тасаллӣ дода, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи суханронии худ президент таъкид намуд, ки даъват шудани Фаҳам Фано ба ҷашни 30-слагии Истиқлолияти Давлатии Тоҷикисон ин эҳтиром ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД