arzon replenishment
Президенти БАТР Одил Рено-Бассо ба Тоҷикистон меояд
29.04.2024
PROMO
553

Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Одил Рено-Бассо аз 29 то 30-юми апрели соли 2024 аз Тоҷикистон дидан мекунад. Ӯ бо намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии кишвар мулоқот хоҳад кард.

Дар доираи барномаи дурӯза раиси БАТР бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода мулоқот хоҳад кард.

Президенти БАТР Одил Рено-Бассо мегӯяд: «Соли гузашта бонк 30-солагии фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифт. Тӯли ин солҳо мо бо мақомоти марказӣ ва минтақавӣ, инчунин бо ҷомеаи соҳибкорӣ ҳамкории хубро инкишоф додем. Ин ба мо имкон дод, ки ба 168 лоиҳа дар саросари кишвар 947 миллион евро сармоягузорӣ кунем. Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон аст ва интизори мулоқот бо масъулину дидани натиҷаи корамон дар кишвар ҳастам”.

Дар ҷараёни сафари Одил Рено-Бассо бонк ба нақша гирифтааст, ки чанд лоиҳаи қарздиҳии «сабз»-ро дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабзи Душанбе» ва дастгирии соҳибкории занон ба имзо расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД