Дирӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шуро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаласаи XXIII Шуро баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои қарорҳои Шурои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба рушди соҳибкории занону духтарон, соҳибкории ҷавонон ва сармояи венчурӣ, инчунин лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаҳои ояндаи Шурои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, чун яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат пазируфта шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки занону духтарон бештар дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматрасонии мамлакат фаъолият дошта, дар самти соҳибкорӣ низ шумораи онҳо бояд зиёд гардад.
«Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии тестӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани духтарон аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии тиҷорат, маркетинг, менеҷмент, молия, бонкдорӣ, идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ чораҷӯйӣ намоянд», - изҳор доштанд Сарвари давлат.
Ҳамзамон Раиси Шӯрои машваратӣ Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро вазифадор намуданд, ки дар барномаҳои таълимӣ ба ташаккул ва рушди истеъдоди соҳибкории донишҷӯён, махсусан донишҷӯдухтарон аҳамияти хосса дода, таълимро бо назардошти ҳамчун соҳибкори тайёр барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногун омода намудани хатмкардагони ин муассисаҳо амал намоянд.