Formula novemver 2024
Президент роҳҳоро шахсан тафтиш карду...
687

 

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари кориаш ба вилояти Сурхондарё рӯзи 13-уми март аз протокол берун шуда, ҳамроҳи ҳокими вилоят ба як мошини “Малибу” нишаста, шахсан роҳҳоро тафтиш кардааст.

Мошинсавории президент ба мавзӯи марказии матбуот табдил ёфт, зеро Шавкат Мирзиёев аз харобии роҳи Бойсун –Деҳнав сахт ба ғазаб омада, масъулинро коҳиш кардааст.

Ин роҳ он қадар вайрона аст, ки мошин ҳангоми ҳаракат чандин бор ба ларза медарояд ва президент бо дидани ин аҳвол оташин шуда, ба ҳокими вилоят мегӯяд: "Агар ба касе бовар кунам, ҳатман дурӯғ мегӯяд. Ҳамеша мегӯянд, ки ҳама чиз хуб аст. Бо пинҳон кардани камбудиҳои ҷойдошта онҳо ҳаргиз худ аз худ ҳалли худро намеёбанд. Бояд воқеъбинона ба ҳама чиз нигоҳ кард. Худатон бинед, дар ин роҳ ҳаракат кардан бо мошин ғайри имкон аст. Аз рӯи инсоф бояд амал кард. Бо ин шароите, ки ин роҳ дорад, мардум чӣ гуна бояд аз ҳукумату давлат розӣ бошанд?!"

Воқеан, дар аксари ҳолатҳо масъулин камбудиҳои ҷойдоштаро аз сарвари давлат пинҳон медоранд, ки ин бар зарари мардум аст. Шоҳони даврони қадим ба хотири фаҳмидани ҳақиқати ҳол баъзан пинҳонӣ аз аҳли дарбор бо либоси дарвешӣ дар байни мардум гашту гузор мекардаанд, то аз ҳақиқати ҳол огоҳ шаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД