Formula novemver 2024
ПРЕЗИДЕНТ ДАР БОРАИ МАНИЖА САНГИН ЧӢ МЕГӮЯД?
2238

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот бо сокинони деҳоти Ворух дар шаҳри Испфара ишора ба вокунишҳои алайҳи Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия, ки имсол дар озмуни байналмилалии Евровидение ширкат мекунад, ибрози андеша намуда, гуфт: "Манижа ҳамаро саргардон кард ва бархеҳо ӯро чашми дидан надоранд".

Президент махсус қайд кард, ки Манижа Сангин тоҷик буданашро доим мегӯяд.
"Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст", - таъкид кард вай.
Ҳамчунин президент ҳунари овозхонро тавсиф кард. "Зебо месарояд. Мо бо ӯ ифтихор дорем", - афзуд раисҷумҳури кишвар.

Манижа Сангин имсол Русияро дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021 бо суруди "Russian woman" муаррифӣ мекунад. 8 март дар давраи интихобии озмун дар Русия тариқи Шабакаи аввали кишвар маълум гардид, ки имсол имконияти ширкат дар озмунро Манижа ба даст меорад.

Аммо таронаи "Russian woman" дарҳол зери вокунишҳои тунди қисме аз қишрҳои ҷомеа ва ҳатто вакилону сиёсатмадорони Русия гардид.
Бештари онҳо бар он буданд, ки матни тарона нофаҳмо ва бемантиқ аст.
аммо худи Манижа дар мусоҳиба бо хабарнигнори ВВС News Russian гуфт, ки тариқи таронаи "Russian woman" ӯ қудрату тавоноии натанҳо занони рус, балки тамоми занони оламро нишон дод. "Он хистату сифати занон, ки дар суруд васф шудаанд, ҳар як зан онро дорост ва фикр мекунад, тарона маҳз дар бораи ӯ суруда шудааст",-қисса мекунад Манижа.

Дар боробари ҳейтерҳо ҳазороҳо нафар, аз ҷумла сиёсатмадорону ситораҳои рус барои Манижа муваффақият таманно намуданд.
Дар навбати худ аксари тоҷикон низ аз ҳунару ҷасорати Манижа меболанд ва барои ӯ таҳсину офарин мехонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД