Президент ба сохтмони эстакадаи
нав дар Душанбе санги асос гузошт
Имрӯз, 27-уми октяб, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи дусатҳа-эстакада дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт ва бозсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.
Эстакада дар ин минтақа бо мақсади коҳиш додани тамбашавии мошинҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бунёд мегардад.
Тибқи нақша сохтмон дар ду марҳила анҷом дода мешавад.