gazprom august 2025
Портали сайёҳии “Dushanbe Travel” дар Душанбе рӯнамоӣ шуд
03.09.2025
Oila.tj
255

3-юми сентябри соли 2025 дар толори IT Park Dushanbe бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии портали расмии сайёҳии шаҳри Душанбе - www.dushanbe-travel.tj ва саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.

Портали “Dushanbe Travel” бо ҷалби мутахассисони соҳаи IT таҳия гардида, ҳадафи он рушди сайёҳӣ, муаррифии инфрасохтори сайёҳии пойтахт ва ҷалби сайёҳони хориҷист. Дар сомона харитаи электронии мавзеъҳо, аксҳо ва маълумоти муфид дар бораи маконҳои таърихиву фарҳангии Душанбе бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шудааст.

Ҳамзамон, саҳифаҳои DUSHANBE.TRAVEL дар шабакаҳои Facebook, Instagram, TikTok, Threads, Telegram ва Vkontakte фаъол буда, моҳона беш аз 5 миллион диданиро ба қайд мегиранд. Танҳо Instagram зиёда аз 103 000 обуначӣ, аз ҷумла 35% хориҷиёнро дар бар мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД