Sebiston new 2024 october
ПОРАХӮРРО ХУДО ЗАД
4060

 Рӯзҳои хеле вазнини баъди ҷанги шаҳрвандӣ буд. Вазъи зиндагии мардум аз ҷиҳати моли хеле бад шуда бад. Ба хусус дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, он ҷойҳое, ки кисмати даргириҳо карор гирифта буд.

Модарон ҷигарбандонашонро аз даст дода буданд ва кисме аз сардорони оила бошанд гуреза шуда, дар давлатҳои ба мо ҳамсоя Авғонистону Кирғизистон, Узбекистону Казокистон ва Руссия дар ғариби умр ба сар мебурданд. Бори гарони зиндагӣин ҷо бар души модарон афтода буд. Модари тоҷик барои пайдо намудани ризқу рӯзии фарзанди ятиму бесарпаноҳаш худро ба сад ҷо мезад, то онҳоро аз гуруснвгию баранаҳги раҳонад. Ҳукумати ҷумҳури дар ҳамин шабу рӯзи вазнин барои занон як хонаи умед, Кумитаи кор бо занон ва оиларо таъсис дод, ки дар ҳақиқат дар лаҳзаҳои барои ҷумҳури вазнинтарину ҳасостарин дар ҳаёти духтарон, занон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд нақши муҳиме бозид. Кумита на танҳо аз ҳукукҳои онҳо ҳимоя менамуд, балки дар омода намудани Лоиаҳои Конунҳо доири занҳо, бачаҳо ва ҷавобгу будани онҳо бо Конунҳои ҷаҳонӣнакши намоён мебозид. .

Субҳи кории   ман аз соати хафт оғоз мегардид ва то омадани коргарони Кумита ҳуҷатҳою мактубҳои воридшуда ва рӯзномаю маҷалаҳоро аз назар мегузаронидам. Яке аз рӯзҳои мукарарии кориам буд, дари утоки кори кушода шуду як марди фарбеҳи начандон қоматбаланди муйҳои чакаи сараш сафедгардида, бидуни иҷозатпурси   вориди гардид ва то назди ман расидан дар баробари салом дафтарчаи шиносоии худро бо виқор ба суи ман дароз намуд. Ман ба ӯ хушомадед гуфтаму ишораи нишастан намудам. Сипас ба шиношнома назар кардам, ревизор…

     _Хуш, ман дар хизмати Шумо, бародари азиз. Корро аз куҷо оғоз менамоед? Айни замон Кумитаи кор бо занон ба ҷуз бюджаи маоши кормандони дастгоҳамон маблағи дигаре надорад.

_Хеле хуб, биёед ба утоқи кории самуҳосиб равем, вале бояд бидуни огоҳӣравем.

_Малаш, мушкиле нест, рафтем.

_Ҳардуи мо ба утоқи муҳосиб ворид гардидем, ӯ акнун ба кор шуруъ карда буд ва чун ман бо марди ношиносе вориди дафтари кори гаштам, зани бечора дасту по гумм карда, бо саросемаги аз ҷой бархоста, бо лутфи занона моро хушомадед гуфта, пазирои   намуд.

Аз Корхонаи хизмати маишӣ, ки қаблан дар ин бино буданд, ба мо ду сеф, ба қавле говсандуқи хеле бузург мерос монда буд, ки яке дар дафтари кори ман ва дигаре дар дафтари кории мусоҳиб ҷой дода шуда буд. Аз камии ваҳиди корӣяк нафар мутахасисро ҳамчун муҳосиб кор мефармудем. Муҳҳабат ба ҳайси сармутахасиси Кумита ба кор мекунад, шинос намудам ба ревизорако.   Дар Кумитаи занон ҷамъоҷам 9-нафар корманди масъулу 2-нафар техники кор мекарданд. Буҷаи маоши якмоҳаи мо танҳо 5 ҳазор рубли русиро ташкил медод, ки маоши коргарон ҳатто ба роҳкири ҳаррузаб харҷи хуроки нисфирузиашон намерасид. Баъзан нисфирузии онҳо аз як дона пирашкии картошкагину чой иборат буд. Аз баски фазои коллектив дӯстона буд, ҳама хушбахту хушҳол ба кор меомаданду барои занону бачаҳо корҳои хайру савобро анҷом медоданд.

Ревизорако бо муҳосиб саломи ҳавобаландона намуду чашмаш ба говсандуқи бузург афтида, тез аз муҳосиб талаб кард, ки онро кушояд. Муҳҳабат бо ороми дари сейфро кушоду марҳамат гуфта, худаш ду қадам аз сейф дур истод. Ревизор аз сейф як даста пулро шумурду онро боз ба сейф гузошта дари онро муҳр зад ва амр кард, ки ин столи кориро дар ихтиёри ӯ гузорем, то ба кор шуру намояд. Варақаи сафариашро пешниҳод намуда гуфт, ки ӯ барои як моҳ роҳхату рухсатнома барои санҷиш дорад.

Ман ба ӯ изҳор намудам, ки навакак ду ҳафта пеш фаъолияти молии корхона аз ҷониби инспектори андози шаҳр санҷида шудааст ва Акти онро ба Шумо метавонем пешниҳод намоем ва шояд ҳоҷат ба як моҳ нишаста санҷидан набошад.

_Мебахшед, ман роҳбар дорам ва ӯ тасмим мегирад, ки ман ин ҷо чи муддат нишаста кор кунам на шумо_, гуфт бо оҳанги ғазаболуд.

_ Майлаш, чи қадаре мехоҳед шинед, вале ман мегуям, ки вақтатонро зоеъ накунед, зеро ки буҷаи мо он қадар хурд аст, ки барои санҷиши он 1-рӯз кифоя аст,- гуфт бо мулоиматӣ Муҳҳабат.

_Пуламон нест, мегуеду дар сейфатон ҳафт ҳазор сумро нигоҳ доштаед ку?

Ман ҳамон замон муҳосибро даъват намуда, бастаҳои пули хайрияро ба дасташ дода, супориш додам, ки якеашро ба қарзи гирифта гузорад ва бастаи дигарро барои бачаҳои ятим либосу пойафзол харида, рӯзҳои қабули шаҳрвандон тақсим намоянд.
Муҳҳабат, ҳайрон шуда пурсид, ки ревизор пулро баргардонид?
Не, Муҳҳабатҷон, Худованд онро ҷуброн кард, ки ману ту боз чаҳор моҳи дигар бе маош кор намкунем.
Аз рафтани ревизор ду моҳ гузашт, вале аз у ва Акташ хабаре набуд. Ба телефони кориаш чанд бор занг задам, шариконаш кутоҳ ҷавоб медоданд, ки ӯ дар ҷойи кор нест, ягон ҳафта баъд занг занед.
Як бегоҳ то дер кор кардам, зеро сафари хизматӣ дар пеш доштам, хостам ки мӯҳлати ҳуҷатҳо нагузашта, пештар омодаашон кунам. Шом шуда буд, кормандон ҳама баромада рафта буданд, дар қабулгоҳ ронанда нишаста бо компютер бози мекард. Аз пост занг заданд, ки як мард маро мепурсад, иҷозати даромадан диҳанд ё не?
_Бигуред дарояд, ман ҳанӯз дар корам.
_Баъди чанде як марди лоғари афгор, базурғбазур қадамашро аз замин бардошта вориди утоки кори шуд. Чеҳраи ба мисли заъфарон зард гардида вориди дафтари кориам шуд. Холи бадашро дида дилам сухт, - амакчон бемор будаед, аз ҳамон поён бо телефон мегуфтед ман худам наздатон меомадам, заҳмат кашида то ошёнаи 2-намебаромадед. Ба истиқболаш аз ҷой хеста, курсиро барояш омода сохта, амакҷон ин ҷо марҳамат карда шинед, __гуфтам бо меҳрубони. Ягон кори заруратон бул, ки бо ин ҳол саргардон шудед
Ташаккур раиса, ба фикрам шумо маро нашинохтед. Ман бояд се моҳ пеш меомадам, вале дар беморхона бистарӣ будаму имкони омадан надоштам. Аз беморхона мурахаси шудаам, вале ҳанӯзам ҳолам хуб нест. Ман аз пеш медонам, ки Шумо то дер нишаста кор мекунед бинобарин бегоҳи бахди рӯзи кори омададам, то аз набудани кормандон роҳҳаттар бо Шумо гуфтугу кунам. Аз куҷо медонед, амакҷон?! Ман Шуморо нашинохтам....
__Нашинохтед? Ман ҳамон ревизорам, ки охири баҳор дар корхонаи Шумо санҷиш гузаронида будам.
Эҳ, Шарифако, бубахшед, ман Шуморо нашинохтам. Чаро ба таври ношинохтани тағир ёфтед, магар бемори сахт шудед?
__Ман баъди аз корхонаи Шумо рафтан гузоришу Актро омода сохта бурда дар калонамон барои имзо супурдам. Азбаски фардоаш истироҳат буд, савғо харида, ба деҳа ба аёдати набераҳоям рафтам. Шаб ногоҳ бемор шудам, қандам хеле боло рафт. Ёрии таъҷили омада маро ба беморхонаи ноҳия бурд ва дигар чизеро дар ёд надорам. Мудати 10-рӯз дар ҳолати беҳӯшӣ яхне ба кома рафта будаам. Чизеро намедидаму намешунидам. Баъди ба худ омадам дидам, ки дар бахши эҳёгарии касалхона хобам. Зиёда аз ду моҳ дар касалхонаҳои марказу гоҳо ноҳия табобат мегирам, вале қандам ҳеҷ муътадил намешавад. Дар ин муддат аз дандонҳоям халос шудам, худ аз худ дандонҳоям рехтанд. Бист килло лоғар шудам, ҳатто муйи сарам низ рехт. Ҳеҷ мадори роҳрафтан надорам, акнун каме беҳтар шудааму гуфтам ҳуҷатҳои идораро супораму хотирамҷамъ шавам ва бо сабаби беморӣ ба нафақа бароям.
Ҳайф шудед, акои Шариф, охир ин гуна мутахасиси кордону сахтгиро идораатон аз куҷо меёбад. Воқеан хеле лоғар гардидаед, агар тасодуф дар кӯча медидам, шояд нашинохта, салом надода, гузашта мерафтам, __гуфтам ба ӯ.
Ӯ варақҳои Акти ривизияро бо дастони лоғару ларзонаш ба ман дароз карду нолишкунон аз ҷой бархоста, бо ман худоҳофизӣ намуд. Вакте, ки аз дасташ гирифта, барои аз зинапояҳо фуромадан кумакаш менамудам, хиҷолатлмез аз ман узр пурсид ва хоҳиш намуд, ки ману мухосиб ӯро бубахшем.
Ман ба ронанда фармудам, ки ӯро то касалхона бурда расонад. Аз пӯшташ то ғоиб шудан нигаристаму ба адолати Илоҳӣ ва ҷазои додгоҳи У ифтихор намудам, ки ҳеҷ хатою гуноҳ аз чашми Худованд ғоиб намемонад.
Ин охирин дидорбинии ман бо ревизори баднафс буд.

Баъди як моҳ хабари вафоти ӯро шунидаму ба худ андешидам: ҳақи ятим насиб накард…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД