“Пол-пала” чист ва ба кадом дардҳо давост?
08.11.2025
Oila.tj
101

Салом! Ман зани 43-сола ҳастам ва гурдаҳоям чанд сол боз намаку илтидоранд. Як шиносам маслиҳат дод, ки аз гиёҳи “Пол-пала” истифода барам, вале шарм доштам, ки чӣ гуна гиёҳ будани онро пурсон шавам. Аз ҳамин хотир, ба шумо муроҷиат намудам, то дар бораи ин гиёҳ ва хусусиятҳои табобатии он каме маълумот диҳед.

МАСТУРА, аз Сангвор

Посух:

- “Пол-пала” гиёҳи шифобахшест, ки хусусиятҳои зиёди табобатӣ дорад. Он мубодилаи моддаҳоро дар организм тезонда, ба об шудани намакҳо мусоидат менамояд.

Гиёҳи “Пол-пала” пешоброн буда, онро барои табобати бемориҳои гуногуни илтиҳобӣ истифода мебаранд.

“Пол-пала” ба подагра, полиартрит, бемориҳои гурда аз ҷумла ҷамъшавии намак ва пайдоиши санг дар гурдаҳо, илтиҳоби гурда, илтиҳоби пешобдон, иллатҳои ғадуди болои гурда, бемориҳои мардона ва занона аз қабили простатит ва цистит даво мебошад.

Ин гиёҳ ҳайзи вайроншудаи занонро ба эътидол оварда, дар табобати миома кумак мекунад.

“Пол-пала” сатҳи қандро дар хун паст намуда, мигрени музминро дафъ месозад. Ин гиёҳ ба шифо ёфтани захми меъда мусоидат карда, ҳамзамон полипро нест мекунад.

Гиёҳи “Пол-пала” ба сиррози ҷигар ва бемориҳои ғадуди зери меъда низ даво буда, лахташавии хун ва пайдоиши тромбро пешгирӣ менамояд.

Тарзи истифодабарӣ:

Дар зарфе як қошуқ гиёҳи “Пол-пала” андозед ва аз болояш як пиёла оби ҷӯшидагӣ резед. Зарфро ба болои зарфи дар болои оташ истода, ки обаш ҷӯшида истодааст, гузоред ва дар бӯғи об 15 дақиқаи дигар ҷӯшонед. Пас аз ин зарфро аз болои оташ бигиред ва хунук карда, гиёҳоби ҳосилошударо аз дока полонед. Аз ин даво ҳар рӯз 30 дақиқа пеш аз хӯрок ним истаконӣ бинӯшед.

Усули дигари тайёр кардани даво:

Ба термос 1 қошуқ гиёҳи “Пол-пала” андозед ва аз болояш 250 мл оби ҷӯшидагӣ рехта, даҳони зарфмро маҳкам кунед. Як соат пас даво тайёр мешавад. Аз ин гиёҳоб рӯзи 2-3 маротиба 1/3 пиёлагӣ бинӯшед. Давраи табобат 10-30 рӯз давом мекунад. Барои як даври табобат тахминан 60 грамм гиёҳ лозим аст. Пас аз шаш моҳ боз як бори дигар табобатро такрор кардан мумкин аст. Барои табобати бемориҳои вазнин гиёҳоро 100 грамми 3 соат пас менӯшанд ва табобат 3 давраро дар бар мегирад.

Агар пас аз полондани гиёҳоб, гиёҳҳои боқимондаро ба пучак, доғҳои нарак ва дигар захмҳо банданд, ба зудӣ шифо меёбад.

Ҳуқна бо “Пол-пала”

Бо гиёҳи “пол-пала” ҳуқна-клизма кардан низ муфид мебошад. Барои ин 2 литр оби тозаи чашма (родниковая или дистиллированная вода) лозим аст. Ба об 1 пиёла гиёҳ меандозед ва онро каме ҷӯшонда, баъд хунук, аниқтараш ширгарм мекунед. Муддати 3 ҳафта, ҳар ҳафта 3 маротиба субҳ ва шом бо чунин гиёҳоб клизма кунед, манифтатшро мебинед.

Боқӣ саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД