Салом! Банда марди 35-сола ҳастам ва нӯшидани пиворо бисёр дӯст медорам. Маъмулан мардон дар фасли тобистон бештар пиво менӯшанд, вале ман дар зимистон ҳам бе пиво зиста наметавонам.
Модарам ҳар рӯз ғурбат мекунанд, ки ин қадар пивои бисёр нӯшида худро оқибат ба ягон беморӣ гиирфтор месозам. Аввалҳо аз ин гапҳои модарам хандаам меомад, вале як дӯстам, ки духтур аст, суханони модарамро тақвият дода гуфт, ки дар ҳақиқат пиво ба саломатӣ зарар дорад.
Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо ягон асос доранд ё не?
Самариддин, ш. Душанбе
Посух
Дар ҳақиқат аксари мардон бо гумони он ки пиво нӯшокии безарар асту ба саломатӣ таъсир намерасонад, ба қавле бебаркаш пиво нӯшидан мегиранд. Дар асл дар таркиби пиво моддаҳои зиёди зарарноке мавҷуданд, ки ба саломатии мард таъсири манфӣ мерасонанд.
Гап дар сари он аст, ки дар таркиби пиво фитоэстрогенҳое мавҷуданд, ки ба ҳормони ҷинсии занона монанд мебошанд. Вақте мард пайваста пиво менӯшад , зери таъсири ин фитоэстрогенҳо ҳормони ҷинсии занона афзун гашта, ҳормони ҷинсии мардона баръакс коҳиш меёбад.
Мардоне, ки ҳар рӯз як литр ва аз он бештар пиво менӯшанд, қувваи мардиашон бо мурури замон кам шудан мегирад.
Ин нӯшокӣ ба кори ғадуди сипаршакл низ таъсири манфӣ мерасонад.
Дӯстдорони пиво шикам пайдо карда фарбеҳ мешаванд ва ҷисмашон ба ҷисми зан монандӣ пайдо мекунад.
Нӯшидани пиво танҳо дар он ҳол бе зарар аст, ки мард ҳар рӯз пивонӯшӣ нарафта, меъёрро нигоҳ дорад.