“Ёсинҷон” бо қувваи коргаронаш, ки корро дастӣ анҷом медоданд, дар як рӯз то 5 кг пистаро коркард мекард. Дар нақша дорад, ки коркарди писатаро то 150 килограмм расонад.
Раҷабмоҳ Бобоева, роҳбари хоҷгии “Ёсинҷон” мебошад ва то ин дам ӯ аз қувваи кории ҳамсояҳояшон бештар истифода мебурд. Аксари коргаронашро занони хонашин ташкил медоданд, ки онҳо кори доимӣ надоштанд. Ӯ аз хоҷагии деҳқониаш, ки дарахтони бештараш писта буданд, ҳосилро ба даст оварда навъҳои гуногуни пистаро коркард мекард.
Пас аз дастрас кардани технологияи навин, ки аз тарафи яке аз ташкилотҳои хориҷӣ сармоягузорӣ шудааст, дар мавсими имсола, ки аз моҳи август оғоз мешавад, дар як рӯз то 150 кг навъҳои гуногуни пистаро коркард намуда зиёда аз 5 нафаро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.
Бо эълон гардидани солҳои (2022-2026) “Солҳои рушди саноат” дар Тоҷикистон иқдоми хубе барои соҳибкорони ватанӣ, ки барои содироти маҳсулотӣ ватанӣ дар баробари меваҳои хушк дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.