Oila 5 years
Писармӯҳтоҷ (Қисми 7)
3363

 

Аз ин воқеа муддати зиёде нагузашта, зодрӯзи Малак омад. Афрӯза, ки пештар “акаам маро ягон ҷо рафтан намемонад” мегуфт, ин бор ба Малак хабар дод, ки ба зодрӯзи ӯ меравад. Малак аз ин илтифоти дугонааш ҳайрон шуда пурсид:

- Ҳа, офтоб аз куҷо баромад?

- Аз тарафи мо... Ба пешвозам нағзакак омодагӣ бин.

Малак дастурхон ороста баи омадани дугонааш омодагӣ дид. Баъди андак модараш аз омадани Афрӯза хабар дод ва Малак ба пешвози дугонааш баромад. Афрӯза ҳамроҳи Сафина ва бародараш Мироншоҳ омада буд ва шармгинона сабаби танҳо наомаданашро шарҳ дода гуфт:

-Акаам худам мебарам, агар не гӯйӣ намеравӣ гуфт...

-Хайр, боке нест, муҳимаш омади-ку,- гӯён Малак дугонаашро хайрамақдам гуфта бошад ҳам, ба Мироншоҳ эътибор надод. Меҳмонон ба хона даромаданд. Мироншоҳ ҳамроҳи Маҳмуд дар меҳмонхона нишастанд. Зодрӯз бо тамоми ҷӯшу хурӯшаш ҷашн гирифта шуд.

ххххх

Мироншоҳ рақамҳои Малакро аз хоҳараш Афрӯза гирифта занг зад.

- Салом.

- Салом. Нашинохтам. Шумо кӣ?

- Ман Мироншоҳ.

- Хуб, чӣ мехоҳед?

-Ба Шумо як гапи муҳим дорам.

-Гӯш мекунам.

-Ин гапе нест, ки бо воситаи телефон гуфта шавад. Вақте аз дарс баромадед, шуморо дар донишгоҳ мунтазир мешавам,-гуфт Мироншоҳ ва ба чӣ гуфтани Малак аҳамият надода, гӯширо хомӯш кард.

Малак аз ин рафтори Мироншоҳ дар ғазаб шуд.

Мироншоҳ мувофиқи гуфтааш баъди ба итмом расидани дарс аз пешорӯи Малак баромад.

- Куҷо меравӣ? Ин қадар саросема ҳастӣ?

- Ман одати бо ҷавонҳои бегона сӯҳбат кардан надорам. Барои ҳамин аз қафоям давиданро бас кунед,-сахт карда гуфт Малак ва гузашта рафт.

Ин бор ҳам Мироншоҳ бо Малак сӯҳбат карда натавонист.

Рӯзи дигар Афрӯза Малакро ба зодрӯзаш дар як қаҳвахона ҷеғ зад ва ба хотири дугонааш ӯ не гуфта натавонист.

Модари Афрӯза бо Малак бисёр гарму самимӣ пурсупос кард. Баъди тамом шудани чорабинӣ ҳамаи дугонаҳои Афрӯза ба ҷуз Малак рафтанд. Модари Афрӯза ба нею нестонаш нигоҳ накарда Малакро барои харидани тӯҳфа (либос) ба мағоза бурданӣ шуд. Малак ноилоҷ розӣ шуд.

Онҳо ба мошини Мироншоҳ нишастанд. Ҷавон ба Малак аз оинаи мошин дуздида-дуздида нигоҳ мекард. Холаи Элмира ба духтараш як куртаи зебо харида аз Малак хоҳиш кард, ки либосеро барои худаш интихоб кунад.

-Холаҷон, маро маъзур медоред, аммо ман ин корро карда наметавонам. Падару модарам фаҳманд хафа мешаванд ва "магар қуввати мо намерасид" - гӯён маро сарзаниш мекунанд.

- Не духтарам, ман аз самими дил мегӯям.

- Медонам, аммо ман инро қабул карда наметавонам.

-Худам харидам мегӯйӣ. Арзон будааст, гирифтам мегӯйӣ.... Ҳардуямон мисли Фотимаву Зӯҳро як хел либос пӯшида ба дарс меравем,-ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Афрӯза.

-Не, ман ба модарам дурӯғ намегӯям,-сар нафаровард Малак.

Холаи Элмира ин духтари саркаш ва боғурурро бо ягон роҳ ба гап дароварда натавониста, ба писараш фармуд, ки Малакро ҳамроҳи Афрӯза ба хона барад.

Малак сохта будани ин саҳнаро пай бурда бшад ҳам, сир бой надода, ҳамроҳи дугонааш ба мошин нишаст. Афрӯза гӯё ҳеҷ чизе нашуда бошад, Малакро ба гап гирифтанӣ мешуд. Малак дилтанг шуда, дар нимаи роҳ хоҳиш кард:

- Мошинро ҳамин ҷо нигоҳ доред, ман мефармоям!

Вай қуттичаеро, ки Мироншроҳ дар зодрӯзи Малак ба ӯ тӯҳфа бурда буд, оҳиста ба ҷойи нишасташ гузошта фаромаданӣ буд.

- Шин, то хонаат мебарам.

-Не, ман дар деҳа зиндагӣ мекунам, агар бо мошини шахси бегона равам ҳар хел гапҳо баромаданаш мумкин,-узр пеш овард духтар.

- Хостгорҳоят мегурезанд?-заҳрханда кард ҷавон.

-Истед гуфтам, истед! Падарам инсони бадҷаҳланд. Ба ман гапи зиёдати лозим нест,-Бо овози баланд дод зад Малак. Мироншоҳ мошинро нигоҳ дошта гуфт:

- Одами бегона не, акои дугонаат мебарад. Ин чӣ ҷои гандагӣ дорад?

-Пас чаро дугонамро танҳо ба хонаам нафиристодед? Ман ҳам дугонааш будам-ку!

Малак инро гуфту асабонӣ шуда аз мошин фаромад.

ххххх

Бегоҳ додараш ба ӯ симкорти нав овард.

-Инро гиред, дигар рақамҳои бегона ба шумо занг намезананд. Агар занг заданд, телефонро ба ман диҳед.

Малак бо алмати ризо сар ҷунбонд, вале ҳамоно фикр мекард, ки мақсади Мироншоҳ чист.

ххххх

Чун рӯзи якшанбе буд, вай ба донишгоҳ нарафта қарор дод, ки имрӯз аз хона намебарояд. Каме дертар апаҳояш ҳамроҳи кӯдаконашон ба аёдати падару модар омаданд.

Сӯҳбати хоҳарон дар сари дастурхон қӯр гирифт ва аз гап гап баромада, мавзуъ ба хонадоршавии Малак печид.

-Э ту ҳам ин қадар ноз накарда, яктаашро интихоб кун, охир модарам ин қадар азоб кашиданд,-Малакро насиҳат кард апаи калониаш.

-Ман чӣ гуфтам?! Модарам ба касе, ки диҳад, оиладор шудан мегирам.

-Модарамон мехоҳад туро бо хоҳиши худат ба шавҳар диҳад, ғайр аз ин, ҳамсари рафиқи падарам Воҳид ҳар хел овозаҳо паҳн карда гаштааст. Хоҳарам, дар ҳақиқат ҳусну ҷамоли ту ҳамаро мафтун мекунад. Барои ҳамин якеро интихоб карда як саратро дуто кун, вагарна....

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД