Sebiston new 2024 october
ПИСАРИ ШЕРАЛӢ ҶӮРАЕВ ГУФТ, ПАДАРАШ НАМУРДААСТ
1440

 Шоҳҷаҳон ва Зоиршоҳ Ҷӯраевҳо, писарони Шералӣ Ҷӯраев, овозхон ва ҳунарманди 73-солаи ӯзбек ба хабари марги падарашон вокуниш нишон додаанд. Аввали моҳи март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар шабакаи “Telegram” нафарони номаълум аксҳои Шералӣ Ҷӯраевро нашр карда, хабар дода буданд, ки қалби овозхон аз тапидан бозмондааст. Дар аксҳо дида мешуд, ки овозхон хеле лоғар шудаву ба назар бемор менамояд.

“Падарам чанд моҳ қабл ҷарроҳии кӯррӯдаро паси сар карданд ва сабаби лоғариашон низ ҳамин аст, чун ҳоло пурра ба худ наомадаанд. Мухлисони падарам набояд ба ҳар овозаи бардурӯғ бовар кунанд. Ҳоли эшон хуб аст ва аз пайи эҷод ҳастанд”,-менависад хабаргузории “UPL 24” аз қавли писари овозхон Зоиршоҳ Ҷӯраев. Шоҳҷаҳон Ҷӯраев, писари дигари овозхон низ дар саҳифаи “Instagram ”-аш иттилоъ додааст, ки ҳоли падараш хуб аст ва овозаи марги ӯ асос надорад. Шералӣ Ҷӯраев дорандаи унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (2018) буда, ҳаводорону мухлисонаш дар кишвари мо кам нестанд.

Писарони овозхон низ касби падарро интихоб намуда, ҳар ду ҳам сарояндагӣ мекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД