Табриз Шаҳидӣ пианинонавози касбӣ, продюсер, рӯзноманигор ва президенти ширкати "ZAO Empire Music"-и Федератсияи Русия аст.
Ин ҳунарманди маъруф соли 1975 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи Толибхон (оҳангсоз) ва Гулсифат Шаҳидӣ (адиб) таваллуд шудааст. Мавсуф Консерваторияи давлатии Маскав ва сипас Академияи олии мусиқии Австрияро хатм кардааст.
Табриз Шаҳидӣ солҳо ба ҳайси муҳаррир ва мухбири шуъбаи ахбори фарҳангии радиои байнидавлатии "МИР", муҳаррир ва хабарнигори шуъбаи ахбори фарҳангӣ-мусиқии академии "Интермедиа", продюсери барномаҳои мусиқӣ ва фароғатии радиостансияи "Москвые слова" ва ғайра фаъолият намудааст.
Лауреати ҷоизаи "Номҳои нав"-и Русия ва ду маротиба гирандаи ҷоизаи озмуни байналмилалии фортепиано дар Австрия мебошад.