formula55
ПИСАРИ КАЛОНИИ ЖАН-КЛОД ВАН ДАММ ИЗДИВОҶ КАРД
3924

 

Кристофер Ван Варенберд, ҳунарманд ва продюсери 34-солаи амрикоӣ, бо як пианинонавози озарӣ издивоҷ кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Sputnik Озарбойҷон” иттилоъ медиҳад.

Аз ҳамсари Кристофер, Суада Ҳоҷизода ном бурда мешавад. Ӯ 21-сола, хатмкардаи Литсейи аврупоии Боку, гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, навозандаи моҳири чандин асбобҳои мусиқӣ, аз ҷумла пианино ва иштирокчии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Бинобар ҷаҳонро фаро гирифтани пандемияи коронавирус, Кристофер ва Суада никоҳи худро дар Сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Истанбули Туркия ба расмият дароварда, дар ҳавои кушод маъракаи хурдакаке оростаанд. Дар наворҳое, ки дар интернет нашр шудаанд, дида мешавад, ки падари домод Жан-Клод Ван Дамми 60-сола бо келинаш рақс мекунад. Маълум мешавад, ки ҷуфти ҷавон дар шаҳри Истанбул зиндагӣ мекунанд. Кристофер писари калонии Ван Дамм буда, ҳамроҳи хоҳараш Бянка аз Глэдис Португез, ҳамсари аввалаи падарашон ба дунё омадаанд. Ван Дамм аз ҳамсари дувумаш Дарсӣ Ляпер бо номи Николас як писари дигар низ дорад.

Кристофер Ван Варенберд, ки идомадиҳандаи касби падараш мебошад, нақши нахустини худро дар синамо соли 1992 бозида буд. То имрӯз ӯ дар зиёда аз 15 филм нақшофарӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД