Arzon march 2024
ПИСАРАМРО АЗ ШАВҲАРИ ФАРЗАНДБЕЗОРАМ ЧӢ ХЕЛ ГИРАМ?
29.08.2021
Оила
3522

Дар оила фарзанди ягона ҳастам. Азбаски падару модарам дер оиладору соҳиби фарзанд шуда буданд, замони хурдсол буданам ҳар ду пешу қафо аз дунё гузаштанд.

Ёдам ҳаст, ки он замон мактабхон будам ва маргу мурдаро он қадар сарфаҳм намерафтам. Баъди сари падару модарам, ман дар тарбияи амакам мондам. Синфи нӯҳро хатм кардаму маро аз мактаб гирифтанд.

Янгаам пинҳонӣ хабар овард, ки амакам маро бо писари як рафиқаш оиладор кардан мехостааст. Ҳарчанд якравӣ кардам, ки ҳоло оиладор шудан намехоҳам, янгаам гуфт, ки онҳо аллакай маслиҳат кардаанд. Албатта, нонхӯри зиёдатӣ ба кӣ лозим? Амакам худаш чор фарзанд дошт ва ҳарчӣ зудтар аз ман халос шудан мехост. Хулоса, ба писари рафиқи амакам ба шавҳар баромадам. Зиндагиамон дар аввал хуб буд, аммо баъди таваллуди нахустин фарзандамон муносибати шавҳарам бо ман тағйир ёфт. Агар мардҳои дигар пас аз таваллуди фарзанд бо занҳояшон меҳрубонтар шаванд, шавҳари ман баръакс шуда буд. Сабабашро намедонистам ва шавҳарам низ чизе намегуфт. Билохира, ӯ маро ҳамроҳи писарам партофту рафт. Ба куҷо, намедонам?! Аз ӯ на хат буду на хабар. Зиндагӣ бо кӯдаки хурдсол бароям душвор шуда буд. Маҷбур шудам, ки фарзандамро гузошта, дар ягон ҷо ба кор дароям. Фаррошӣ ҳам кардаму пешхизматӣ ҳам, то ягона фарзандам аз чизе танқисӣ накашаду серу пур ба воя расад.

Кӯшиш мекардам, ки барояш ҳам падар бошаму ҳам модар. Шабро шаб нагуфтаву рӯзро рӯз нагуфта, фақат кор мекардам. Қисса кӯтоҳ, писарам калон шуд, мактаби миёнаро хатм кард. Акнун ният доштам, ки аввал ӯро ба ягон донишгоҳ дохилу баъдан оиладор кунам. Дар ин миён падари солҳо гумшудааш аз куҷое пайдо шуда, писарамро “ман ҳам ҳақ дорам, ӯ писари ман ҳам ҳаст” гӯён, ба назди худаш бурд. Писарам бошад, хизматҳои чандинсолаи маро таги по карда, ба назди падараш рафт.

То худам занг назанам, маро суроғ намекунад. Барояш мисли латтаи нодаркор шудаам. Наход, ки сазои ман ҳамин бошад? Наход, ки ман дар дами пирӣ азоби бефарзандӣ кашаму хору зор шавам? Шояд ақли писарам рӯзе ба сараш мезанаду бармегардад? Ӯро аз падари фарзандбезораш чӣ хел гирам?

Моҳбону, аз ш.Истаравшан

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД