Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Анталияи Туркия идома медиҳад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бозии санҷишии сеюми мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Кувайт, ки мебоист рӯзи 21-уми январ баргузор шавад, ба далели он ки тими Кувайт оғози ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия ба охири моҳи январ гузаронд, лағв шуд.
Дар робита ба ин, 20-уми январ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз тими «Лехия Зелена Гура» рақобат кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими мо анҷом ёфт. Голҳоро Садриддин Сатторов ва Абдулло Иброҳимзода заданд.
Бозии санҷишии охирини мо дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия рӯзи 23-юми январ бо тими Академияи «Краснодар» дар назар аст.