Маҳсулоти лозима:
Ҷурғот - 1 истакон
Шакар -1 истакон
Маргарини «Она» - 1 дона
Тухм - 2 дона
Моддаи ковоккунанда.
Тарзи таҳия:
Аввал тухмро бо шакар лат зада, бо миксер мекобем ва ҷурғотро ба дарунаш андохта, якҷоя мекунем. Пасон маргаринро бо моддаи ковоккунанда омехта намуда, ҳамроҳ мекунем. Аз болояш 3 истакон ордро рехта, бо миксер якҷоя мекунему ба тобаи тафдон мерезем. Пас аз сурх шудани хамир мураббои зардолугиро ба болояш мепошем.
Иштиҳои том!