Sebiston new 2024 october
Пирог аз карам ва тухм
22.12.2024
ОИЛА.ТҶ
217

Маҳсулоти лозима:

500 грамм карам, 3 тухм, 5 қошуқ сметана, 3 қошуқ майонез, 6 қошуқ орд, 1 қошуқча намак, 2 қошуқча моддаи ковоккунанда, 1/2 бандча шибит, кунҷид.

Тарзи таҳия:

Карамро маҳин реза карда, бо даст каме ҷабидан лозим аст. Ба он кабудии маҳин резашударо илова кунед. Тухмҳоро лат зада, ба он сметана, майонез, намак, моддаи ковоккунанда илова карда, хамир омода созед. Ба тобаи тафдон равғани маска молида, ба даруни он карами резашударо ҷойгир кунед ва аз болояш хамирро рехта, дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон муддати 30 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД