Самира ба 41 қадам монда бошад ҳам, дари бахташ баста буд. Ин қулфи сиёҳ зада, ба партофта бошанд, касе намегашт.
Интизорӣ ба дилаш заду дар заводе ба кор даромад. Ин заводро югославиҳо обод карда буданду ба коргарон маоши хуб медоданд.
Самира ҳангоми тоза кардани утоқи кории директори генералӣ ба ӯ бо қираи чашм ошиқона нигаристани роҳбарро мушоҳида мекард. Миллионери 67- сола гоҳ-гоҳ бо забони тоҷикӣ ба Самира луқмапартоӣ ҳам мекард.
Аз хушзабониву кӯдаквор бо забони тоҷикӣ ҳарф задани марди хориҷӣ ба ваҷд омада, Самира бо сардораш пичир-пичир мекардагӣ шуд. Ба сардор сурудхонии ситораи тоҷик Садриддини Наҷмиддин хушоянд буду Самира аз дасти Зафар ном муаллими информатика, ки коллексияи клипҳои Садриддинро дошт, дискҳои таронаҳои Садриддинро ба ошиқаш меовард. Ҳамин тавр, Самира ба марди хориҷӣ дил доду қиссаи ишқи пуршӯру шарашон оғоз ёфт. «Муҳаббат бахшидан ба якдигар кори савоб аст»,-гӯён билохира миллионер ӯро ба бистар кашид.
Самира ба суханони ширини мард фирефта гашту худро ба оғуши сардор зад. Модараш миш-мишу пичир-пичири ҳамсояҳоро шунавад ҳам, шириниҳои лазизи овардаи Самираро дида, чашм аз ҳама баду неки ҷаҳон мепӯшиду ба овозаю дарвозаи мардум эътибор намедод. Самира бо либосҳои аврупоӣ, айнак дар чашм паси чамбараки иномаркаи хориҷӣ нишаста давру даврон карда мегашт.
Пирдухтарро акнун худаш шоҳу табъаш вазир буд, бо ошиқи югославиаш ба истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳои Ромиту Варзоб мерафту коми дил ситонида меомад. Марди маззахӯракшуда дар коргоҳ ҳам ӯро ором намегузошт. Боре Самира бо тани нопок ба хона омад. Модараш доруи овардаи Самираро барои нест кардани кайку пашша дар хонаву дарахтон пошида ба пушти ду барзагови алояшон низ молида буд. Саҳар бедор шуда диданд, ки буқаҳо варам андохтаанду базӯр нафас мекашанд. Зуд қассоб оварданду барзаговҳоро куштанд.
Мегӯянд, ки агар инсон ба роҳи нопок раваду зинокорӣ кунад, Худованд ризқашро кам мекунаду файзу баракатро аз он хонадон мебарад, оилаи Самираино ҳам бо касофатии рафтори пирдухтарашон рӯз то рӯз қашшоқу қарздор мешуданд. Пулҳои додаи марди югославӣ ба косметикаи худи Самира базӯр мерасонд.
Азшикастҳои пай дар пай ба ҷон расида, модараш аз Самира талаб намуд, ки ошиқашро ба никоҳи мусалмонӣ бастан розӣ кунонад, то ҳам даҳони мардум баста шаваду ҳам наҳсӣ аз хонадонашон кӯч бандад.
Ҳамин тавр дар деҳа овоза шуд, ки Самира шӯи хориҷӣ кардааст. Сару либоси зебову бо мошини гаронбаҳои хориҷӣ ҳамроҳи шавҳари миллионераш ба сайру сайёҳат рафтани Самира ҳаваси духтарҳоро меовард.
Ҳамин тавр 5 сол гузашт. Онҳо кӯдакдор шуданд ва ҳарду писарчаашонро гирифта ба Югославия кӯч бастанд. Зиндагии Самира дар хориҷа аввалҳо он қадар бад набуд, аммо баъдтар ҳам шавҳару ҳам пайвандонаш муносибаташонро бо ӯ бад карданд. Мусулмононро ҷангкову ҷангдӯстдор гӯён, Самираро таҳқир мекарданд. Дилаш кашоли Ватан буду дарун-дарун ғам мехӯрд. Модарашро сахт пазмон шуда аз алам гиряаш меомад.
Рӯзе модар дар маъракаи ҳамдеҳагон нишаста буд, ки Самира занг зад. Ҳамаи занҳо бо навбат ҳолу аҳволи Самираро пурсида, аз модар хоҳиш намуданд, ки телефонро дар «громкость» монад, то садои ҳамсоядухтари аврупоишудаашонро шунаванд.
«Илоҳо тухми бачаҳои Ёвону Ҳисор хушк шавад. Падари раҳматиам ҳисориву модарам ёвонист, вале марди багурдае аз ҳамшаҳриҳоям ёфт нашуд, ки маро ба занӣ бигирад, то ман ҳам дигар духтарҳо барин дар ватанам даврон карда гардам. Хок дар сари ғарибӣ, очаҷон ба духтарҳои ҳамсоя гӯед, ки ҳеҷ гоҳ шавҳари хориҷиро орзу накунанд! Мабодо ин ҷо мурда монам, мурдаам бесоҳиб мемонад»,-ин суханҳои Самираро шунида занҳо лол монданд.
Хонаро лаҳзае хомӯшӣ фаро гирифт. Модари Самира зор-зор мегирист. Ҳарчанд дуюмбораю себора занг мезаданд, Самира ҷавоб намедод.