Холаи Санам 70 сол дорад, вале ба синну солаш нигоҳ накарда, то ҳол дар такопӯй аст. Нури чашмонаш хира гашта бошанд ҳам, дар чашм айнак бо ҳавас гулдӯзию зардӯзӣ медӯзад. Сӯзаниҳои зебои дӯхтааш чашми касро мебаранд.
Мо бо ин зани гулдаст ҳангоми сафари матбуотӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шинос шудем. Он рӯз бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” як гурӯҳ журналистон ба ин шаҳри бостонӣ сафар намуда буданд, то бо дастовардҳои баҳрабарандагони лоиҳаи “Таҳкими иқтидори ҷомеъаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи занони зери хатар қарордошта ё қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки бо дастгирии фонди фаронсавии AFD ва ACTED дар се давлат-Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон муддати се сол боз амал мекунад, ошно шуда, аз натиҷаҳои ин лоиҳа огоҳ бигарданд. Қатори дигар баҳрабарандагон он рӯз маҳсули дасти холаи Санам низ ба маърази тамошо гузошта шуда, гулдӯзию зардӯзӣ ва сӯзаниҳои пурнақшу нигораш чашми касро бо зебоияшон мерабуданд.
Тавре ки аз сӯҳбат бо ин зани гулдаст дарёфтем, панҷ панҷаи холаи Санам ҳунар аст ва ин зани ҳалиму меҳрубон ҳунари хешро натанҳо ба духтарону келинҳояш, балки ба дигар занону духтарони маҳаллӣ низ меомӯзад.
“Ман зани хушбахт ҳастам, чунки натанҳо келин, балки наберакелин ҳам дорам. Рафтори баъзе хушдоманҳоро дида қаҳрам меояд, чунки бо келин мисли ғулом муносибат мекунанд. Келин канизак ё ғуломи дари хонаи мо нест, вай фарзанди каси дигар аст ва ба хотири хушбахт намудани фарзандамон ба хонаи мо меояд. Ба келин ҷабру зулм кардан аз рӯйи одамгарӣ нест, арӯс аз ӯҳдаи ягон кор набарояд, хушдоман бояд бо нармӣ тарзи дурусташро фаҳмонад”,- мегӯяд ин зани рӯзгордида.
Ба андешаи холаи Санам ҳар як аъзои оила бояд саҳми худро дар буҷҷаи оилавӣ гузоранд.
“Ман пир шудам гуфта поямро дароз карда намешинам, баробари келинҳоям кор мекунам. Шогирдони зиёде дорам, ки ба онҳо ҳунари гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва дӯзандагиро ёд медиҳам. Ба ғайр аз ин, яке аз баҳрабарандагони лоиҳаи “Таҳкими иқтидори ҷомеъаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи занони зери хатар қарордошта ё қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ” мебошам. Тариқи ин лоиҳа барои сохтани гармхона ба мо кӯмак карданд. Ман ҳамроҳи писарону келинҳо ва наберакелинҳоям дар гармхонаи сохтаамон сабзавоти полезӣ парвариш карда, ба бозор мебарорем. Сад шукр, зиндагиамон пеш меравад ва ҳамзамон мардумро бо сабзавоти тару тозаи полезӣ таъмин мекунем”,- мегӯяд холаи Санам.