Дарди гурда барои аксари бонувони тоҷик як бемории маъмулӣ гашта, шумораи гирифторони иллатҳои гуногуни гурда дар кишвари мо тарафт меафзояд.
Гурда узви бисёри муҳими ҳаётии инсон бошад ҳам, аксаран занҳо аз паси такудави зиндагӣ овора шуда, ба саломатии худ чандон аҳамият намедиҳанд ва бо хӯрдани ягон дорӯи таскинбахш дарди гурдаро сокит намуда, кору бори рӯзмарраи худро идома медиҳанд. Бепарвоӣ нисбати иллатҳои гурда барои зан махсусан дар давраи ҳомиладорӣ хатарнок буда, оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад. Аз ҳамин хотир мо дар атрофи яке аз бемориҳои хеле паҳншудаи гурда-пиелонефрит ва таъсири он ба саломатии зани ҳомиладор бо духтури урлоги Маркази Миллии Солимии репродуктиви Рустам Одинаев сӯҳбат оростем.
-Пиелонефрит дар аксари занҳои ҳомиладор мушоҳида мешавад. Сабаби авҷ гирифтани ин беморӣ дар давраи ҳомиладорӣ дар чист?
-Пиелонефрит бемории илтиҳобӣ буда, онро микроорганизмҳои зиёновар ба вуҷуд меоранд. Ин беморӣ натанҳо дар кишвари мо, балки дар дигар давлатҳо низ дар занони ҳомиладор хеле зиёд мушоҳида мешавад. Бояд қайд кард, ки худи ҷараёни ҳомиладорӣ низ барои хурӯҷи ин беморӣ шароит фарҳам меорад.
-Гуфтаниед, ки зани ҳомила хоҳ-нохоҳ ба ин касалӣ гирифтор мешавад?
-Ман фақат таъкид кардан мехоҳам, ки хавфи гирифтор шудани занҳо ба пиелонефрит дар давраи ҳомиладорӣ бештар аст. Гап дар сари он аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ дар ҷисми зан тағйиротҳои зиёде ба амал меоянд, сатҳи ҳормонҳо пасту баланд мешавад, бачадон торафт калон шуда, ба рӯдаҳо, найчаҳои пешобдон ва худи пешобдон фишор овардан мегирад. Дар натиҷа гузаштани пешоб ба пешобдон душвор гашта, моддаҳои нолозиме, ки бояд ҳамроҳи пешоб аз ҷисми инсон хориҷ шаванд, дар организм таҳшин мешаванд. Дар чунин шароит шумораи микробҳо бо сураът афзуда, хавфи сироятёбиву хурӯҷи бемориҳо аз ҷумла пиелонефрит чандин маротиба бештар мегардад.
-Дар байни мардум дар боби ин беморӣ ду ақидаи мухталиф вуҷуд дорад. Гурӯҳе бар он назаранд, ки пиелонефрит чандон бемории хавфнок несту духтурҳо воҳима мекунанд, аммо бархи дигар мегӯянд газаку шамолкашии гурда боиси бачапартоии зан гашта метавонад...?
-Дар ҳақиқат бачапартоӣ дар занҳое, ки пиелонефрит доранд, нисбат ба занҳои ҳомилае, ки гурдаҳояшон солиманд, қариб 5 маротиба бештар ба назар мерасад. Сабабаш дар он аст, ки инфексияи дар гурдаи зани ҳомиладор мавҷуд буда ба ҳамроҳак мегузарад ва метавонад онро вайрон карда, боиси ҳалокати ҷанин шавад. Оризаи дигар он аст, ки занҳои пилеонефрит дошта сарторикӣ-таксикози хеле шадидро аз сар мегузаронанд. Ин беморӣ ҳатто ба камхунӣ-анемия бурда мерасонад.
-Барои он ки зани пиелонефрит дошта фарзанди солим ба дунё биёрад, чӣ бояд кард?
- Аксари занҳои тоҷик дар давраи ҳомиладорӣ танҳо ба тифли батанашн аҳамият дода, ба хотири фаҳмидани ҷинси кӯдак тез-тез УЗИ мекунанд, вале фармӯш мекунанд, ки барои фарзанди солим ба дунё вардан, худи модар бояд солим бошад. Занони ҳомила бояд ҳамеша зери назорати табибон қарор дошта бошанд ва пешоб, хун ва дигар ташхисҳои заруриро сари вақт супурда, бачадон, гурдаҳо ва пешобдони худро ҳатман УЗИ кунанд, то аз вазъи саломатии худ бехабар намонанд. Дар сурати мавҷуд будани инфексия ё мушоҳида шудани пиелонефрит ва бемориҳои дигар табиб дорӯвории заруриро таъин мекунад. Табобати саривақтии бемориҳо имкон медиҳад, ки зан фарзанди солим ба дунё оварда, худ низ дар амон бимонад.
-Табобат накардани пиелеонефрит чӣ оқибатҳоро ба бор варда метавонад?
-Аслан табобат нагирифтани зани ҳомиладор ва ё табобатро то ба охир нарасонидан беш аз ҳама ба тифли дар батни модар буда зиёну зарар мерасонад. Тавре ки дар боло ишорат кардем, бемории мазкур хавфи бачапартоӣ ва марги ҷанинро ба маротиб меафзояд. Ба тифл осеби сахт нарасида, зинда монад ҳам, ҳанӯз дар батни модар сироят меёбад. Ин сироятёбӣ метавонад боиси ба конъюнктивит гирифтор шудан ва ё норасид ба дунё омадани кӯдак гардад. Иддае аз тифлаконе, ки дар батни содар сироят ёфтаанд, бо бемориҳои хеле ҷиддии гурда, шуш ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим ба дунё меоянд. Вақте ки зан пиелонефрит дорад, тифли дар батнаш буда, ба дараҷаи кофӣ кислород гирифта наметавонад ва инкишофёбиаш суст шуда, бо вазни кам ба дунё меояд. Ин тифлакон тез-тез бемор мешаванд. Нигоҳубини кӯдаки бемор бошад, кори саҳл нест.
-Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба занҳое, ки пиелонефрит доранд?
-Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳанд ва аз тамоми тағйиротҳое, ки дар организмашон ба вуҷуд меояд, сари вақт духтури табобатиашонро огоҳ намоянд. Аз гуфтаҳои табибон саркашӣ накарда, тамоми доруву дармони золимаро бигиранд, зарур шавад, дар беморхона бистарӣ гашта, ақаллан як-ду ҳафта ҷиддӣ табобат намоянд.
Занҳое, ки пиелонефрит доранд, баъди табобат кардан низ бояд дар зери назорати духтур бошанд. Аз ҳама муҳимаш табобатро то охир бирасонанд, чунки дар сурати пурра табобат накардан пиелонефрит касро ба дигар бемориҳои гурда гирифтор намуда метавонад.
-Барои маслиҳатҳои судманд як ҷаҳон ташаккур!