Formula september
Пешвои миллат дили ятимонро дар Конибодом шод гардониданд
210

Ба ифтихори Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дили кӯдакону наврасони ятимро бо тақдими туҳфаҳо шод гардониданд.

Вохӯрии Сарвари давлат бо насли наврас дар шаҳри Конибодом дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соҳиба Исроилова бунёд гардидааст, доир гашта, Пешвои миллат ҳамун оини неки инсондӯстӣ ба 80 нафар наврасони ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд маҷмуи сарулибоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, пойафзол ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо наврасон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба уҳда дорад ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон шароити заруриро муҳайё месозад. “Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ шуморо зарур аст, ки илм омӯзед, донишҳои замони муосирро аз худ намоед ва дар оянда фарзандвор ва содиқона ба Ватан ва мардуми кишвари худ хизмати шоиста намоед”,- таъкид доштанд Пешвои миллат.

“Наврасону ҷавонони ятим бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар ҳамеша бархӯрдоранд ва чунин дастгириҳо онҳоро водор месозад, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёфта, касби илму донишҳои муосирро биомӯзанд ва мутахассисони варзида шуда, ба нафъи давлату мардум хизмат намоянд”,- навиштааст “Ховар”.

Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Сарвари далат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, шахсан аз аҳволашон бохабар мешаванд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат боиси он гардидааст, ки кӯдакону наврасони бо амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД