Ҷоғар яке аз беморҳои хеле паҳншуда дар курраи Замин ба шумор меравад. Гирифторони ин касалӣ дар кишвари мо низ хеле зиёданд. Омилҳои асосии пайдоиши ҷоғар кадомҳоянд? Ҷоғар чанд намуд мешавад? Ин бемориро бо кадом роҳҳо табобат кардан мумкин аст?
Атрофи ин ва дигар масъалаҳои ба пешгирӣ ва табобати ҷоғар алоқаманд мо бо мудири шӯъбаи эндокринологияи калонсолони Маркази саломатии шаҳрии №1 Абдулло Мирализода сӯҳбати судманде доштем ва инак, фишурдаи муҳовараамонро манзури шумо-хонандагони азиз месозем.
- Дар оғоз каме дар бораи сабабҳои пайдоиши ҷоғар маълумот медодед?
- Ҷоғар яке аз бемориҳои маъмултарин дар тамоми ҷаҳон мебошад. Асосан норасоии йод дар организми инсон ба сар задани бемории ҷоғар оварда мерасонад. Ҷоғар чанд намуд мешавад. Якум: Ҷоғари эндомекӣ. Ин намуди ҷоғар бештар дар ягон маҳалли муайян, ки дар он ҷо йод дар намак ва умуман дар ҳамон минтақа намерасад, пайдо мешавад. Шакли дигари ҷоғар ин ҷоғари дифузӣ-нуфузнок мебошад.
- Чаро шумораи гирифторони ҷоғар дар кишвари мо хеле зиёд аст?
- Азбаски мамлакати мо аз сатҳи баҳр хеле баланд ҷойгир шудааст, дар худи хоки мо норасоии намак мушоҳида мешавад. Аз ҳамин сабаб, барномаи махсус қабул шудааст, ки новобаста аз синну сол ва ҷинс тамоми аҳолӣ бояд бо намаки йоднокшуда таъмин карда шаванд. Барои пешгирии ҷоғар тамоми сокинони кишвари мо бояд ҳамеша дар таом ва хӯришҳое, ки истеъмол менамоянд, намаки йоднокшуда илова намоянд, вале мутаасифона бисёриҳо аз он истифода намебаранд.
- Ҷоғар дар занҳои ҳомила бештар ба назар мерасад. Барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
- Дар ҳақиқат шумораи гирифторони ҷоғар дар байни занон нисбатан бештар аст. Занҳое, ки нияти ба дунё овардани фарзандро доранд, барои пешгирии ҷоғар пеш аз ҳомиладор шудан ва дар давраи ҳомиладорӣ ҳатман аз намаки йодноккардашуда ва ҳабҳои махсус истифода намоянд. Пас аз таваллуд низ муддати ду сол дар давраи лактатсия, яъне синамаконӣ занҳо бояд аз йод истифода баранд, то тифле, ки дар батни зан мебошад ё аз синаи модар шир мемакад, дар оянда ба ҷоғар гирифтор нашавад.
- Бепарвоӣ нисбат ба ҷоғар чӣ оқибатҳо дорад?
- Дар сурати табобат накардан ҷоғар метавонад оқибатҳои зиёдеро ба бор овард. Ин беморӣ боиси изтироби пайваста гашта, касро ба бемориҳои асаб мубтало месозад ва ҳатто ба ноқисулақлӣ бурда мерасонад.
- Дар кӯдакону наврасон ин беморӣ чӣ хатарҳо дорад?
- Дар давраи то балоғат ва ба балоғат расидан ҷоғар боиси инкишоф наёфтани узвҳои ҷинсӣ дар ҳарду ҷинс ва вайроншавии давраи ҳайзӣ дар духтарон гашта метавонад. Дар сурати бепарвоии волидон бар асари халалдор гаштани раванди инкишофи ҷинсӣ бо сабаби норасоии йод ва бемории ҷоғар дар оянда ҳам духтарон ва писарон метавонанд ҳатто бо мушкили бенаслӣ рӯ ба рӯ гарданд.
- Барои пешгирии ҷоғар чӣ бояд кард?
- Барои пешгирии ҷоғар пеш аз ҳама ба хурду хӯроки худ диққат додан лозим аст. Ғизоҳоеро бояд бештар истеъмол кард, ки дар таркибашон элементҳои фаъол-калий, натрий, фосфор ва витаминҳо зиёданд. Дуюм: Аз намакҳое бояд истифода бурд, ки дар таркибашон калий-йодид доранд. Сеюм: Таъмин намудани аҳолӣ бо ҳабҳои махсус, ки дар таркибашон калий йодид доранд, аз хурдсолон то калонсолон. Гирифтани нурҳои офтоб дар соатҳои муайян низ хеле муфид аст.
- Ҷоғари токсикӣ низ вуҷуд дорад. Ба онҳое, ки ба ин намуди ҷоғар гирифтор мебошанд, чӣ тавсия медиҳед?
- Ба нафароне, ки ҷоғари токсикӣ доранд, истифода бурдани йод қатъиян манъ мебошад, гиперпродуксия, яъне зиёд истеҳсол шудани ҳормонҳои тироидӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат мо бар зидди ин доруҳои махсусро таъин менамоем.
- Барои пешгирии ҷоғар бе тавсия духтур дору истеъмол кардан мумкин аст?
- Албатта мумкин нест. Тавре ки дар оғоз гуфтем, ҷоғар намудҳои гуногун дорад ва роҳҳои табобаташ низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ҳамин сабаб ҳатман ба мутахассисон бояд муроҷиат кард. Пас аз гузаронидани ташхисҳои зарурӣ вобаста ба дараҷа ва навъу намуди ҷоғар табиб табобати заруриро таъин менамояд.