Arzon march 2024
ПАРВИН ЮСУФӢ БЕМОР АСТ?
4545

 

Чанд сол пеш аз радио суруди «Эй ёр, тасаддуқ» -ро дар иҷрои сарояндаи соҳибзавқу хушсалиқа Парвин Юсуфӣ шунида, ба ваҷд омадам, ҳаловат бурдам, кайф кардам, зеро садои Парвин ба касе монанд нест, ӯ сабки хоси худро дорад.

Баъдан сурудҳои дигари Парвин Юсуфиро аз интернет сабт карда, ҳамеша ӯро гӯш мекардагӣ шудам ва мухлиси эҷодиёти ӯ гардидам.

Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман,

Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё эй ҷони ман.

Ё:

Эй Сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,

Он дил ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Ва дигар сурудҳои Парвин Юсуфӣ, ки бо салиқаи хос интихоб ва бо садои марғуладори зебо ва сабки хоси ӯ суруда шудааст, маро ва эътимод дорам ҳамаи мухлисони ӯро ба ваҷд меорад. Сурудҳои Парвин инсонро ба олами зебоӣ ба дунёи рангин ворид мекунад, ба шунаванда ғизои маънавӣ мебахшад ва дар баробари ин, рӯҳу равонро ором мекунад. Дар баробари ин, вақте кас ба дунёи мусиқии зебои Парвин ворид мешавад, тарбияи маънавӣ мегирад, тағйир меёбад. Хулоса, мусиқии Парвин мусиқии муассир ва мусиқии рангину инсонсоз аст.

Бо мусиқии Парвин Юсуфӣ ошно бошам ҳам, худи ӯро намешинохтам, намедонистам, ки вай духтари ҳамкасбам аст. Хушбахтона, чунин иттифоқ афтод, ки бо ин сарояндаи маъруф шинос шудам. Ин шиносоӣ чӣ гуна иттифоқ афтод?

Рӯзе дар маъракае Парвинро дар иҳотаи чанд нафар дида, шинохтам. Ва ҷуръат карда, ба наздаш рафтам ва пас аз салому алейк, дар бораи сурудҳояш баъзе фикрҳоямро гуфтам. Ҳамчунин, мухлиси эҷодиёташ буданамро арз кардам.

Парвин бодиққат маро гӯш карда, изҳори миннатдорӣ кард ва хост, ки дар бораи худам ҳарф занам.

-Ман адабиётшинос ҳастам, солҳо дар Академияи илмҳо кор кардам, муддате дар Афғонистон фаъолият намуда, 40 соли охир устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳастам, - гуфтам.

-Адабиётшинос, ки бошед, эҳтимол падари маро медонед, - пурсид Парвин ва дар идома гуфт: - қиблагоҳи ман Бобоҷон Юсуфов… Худо раҳматашон кунад.

-Ман падаратонро на танҳо медонам, балки муддате дар Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ҳамкор ҳам будем. Оид ба рӯзгор ва эҷодиёти шоири бузург Халилуллоҳи Халилӣ рисолаи илмӣ менавиштанд.

Баъди шунидани ин ҳарфҳо Парвин аз ҳамроҳонаш ҷудо шуда, маро ба гӯшае бурд ва дар бораи падараш бисёр чизҳоро пурсид. Ҳамин тариқ, мо шинос шуда, гоҳ-гоҳе телефонӣ аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирифтагӣ шудем.

Дар ин муддат чанд маротиба бемор шудам ва Парвин ба аёдати ман омада, аз ҳолу аҳволам мепурсид ва ҳамеша барои кӯмак омода буданашро изҳор мекард. Тасаввур кунед, ки ин ҳунарманд то чӣ ҳад инсони самимӣ ва заминӣ аст, ки бо вуҷуди кори зиёди эҷодӣ вақт ёфта, ба аёдати беморон меравад, ба онҳо кӯмак мекунад, аз онҳо дилҷӯйӣ менамояд. Ситораҳои мо хеле дастнорас ҳастанд, вале Парвин ситораи заминӣ аст.

Як лаҳзаи дигарро ба хотир меорам.

Соли гузашта дар донишкада бахшида ба 75-солагии банда чорабиние гузарониданӣ шуданд. Чанд рӯз пеш аз ин ҷашн Парвин ба аёдати ман омад. «Аз карнайчӣ як пуф»- гуфтагӣ барин, аз ӯ хоҳиш кардам, ки агар имкон ёбад, ҳамон рӯз ба донишкада ташриф орад ва дар чорабиние, ки ба муносибати зодрӯзи ман мегузарад, ду-се суруд хонад. Бовар мекунед, Парвин розӣ шуд ва дар рӯзи таъиншуда ташриф оварда, маҳфили моро рангу ҷилои нав бахшид.

Пас аз гузаштани конфронси илмӣ садои Парвин иштирокчиёни аз маърӯзаҳо хасташударо аз нав нерӯ бахшид ва ҳама зери сурудҳои ӯ ба рақс хестанд. Як умр аз Парвин Юсуфӣ барои самимияташ ва барои чунин хизматаш миннатдорам.

Зеро хуб медонам, ки барои ӯ ҳам осон нест. Дар ин шабу рӯз, ки рақобати носолим ва душманиву нифоқ реша давондааст, дар саҳна будан, мухлисонро шод кардан, муҳаббати мардумро сазовор шудан кори осон нест. Парвин Юсуфӣ аллакай муҳаббати мардумро ба даст овардааст, яъне ӯ баландтарин ҷоизаро дар санъат соҳиб шудааст.

Чанд рӯзи охирро Парвин Юсуфӣ дар бистар сипарӣ кард, зеро ногаҳон афтидаву пояшро шикаст. Чанд маротиба телефонӣ аз аҳволаш пурсон шудам:

-Нағз мешавам. Худо хоҳад, ба ҳамин наздикиҳо бо сурудҳои тоза ба тоза дар ҳузури мухлисонам баромад хоҳам кард. Нақшаҳои эҷодӣ зиёд, сурудҳо нав дар ҳоли сабт ҳастанд.

Худо кунад, ки Парвин Юсуфӣ зуд шифо ёфта, ба саҳна баргардад.

Абдурашид Самадов,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД