Парвандаи ҷиноятии омӯзгор Фарҳод Назаров, ки дар латукӯби як хонандаи синфи 11 муттаҳам дониста мешавад, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, Фарҳод Назаров бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълим ва тарбияи ноболиғ) муттаҳам дониста мешавад. Мувофиқи ин банди қонун ҷарима ба маблағи то 75 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ шудааст.
Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода қазияи мазкурро таҳти назорат гирифтааст. Дар мурофиаи судӣ намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳузур дорад.
Ёдрас мешавем, ки ин ҳодиса вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард ва бисёре аз омӯзгорон ва фаъолон аз Фарҳод Назаров пуштибонӣ мекунанд.