goodwell
Парвандаи ҷиноятии духтари собиқ президенти Ӯзбекистон қатъ карда шуд, вале...
214

Суди федералии ҷиноятии Швейтсария парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Гулнора Каримова, духтари собиқ презеденти Ӯзбекистон Ислом Каримов қатъ намудааст.

Ба иттилои портали Радио ва телевизиони Швейтсария (SRF), яке аз сабабҳои асосии ин қарор ба анҷом расидани муҳлати даъво будааст.

Суд идомаи мурофиаҳоро бинобар ҳозир набудани муттаҳам дар ҷаласаҳо ғайриимкон донистааст. Адвокати Гулнора Каримова - Грегуар Манжа изҳор доштааст, ки мақомоти Ӯзбекистон ба Каримова иҷозаи тарки кишварро надодаанд ва аз ин сабаб ӯ натавонист дар мурофиаҳо ширкат кунад.

Бо вуҷуди қатъи парванда дар Швейтсария, Гулнора Каримова аз ҷавобгарӣ раҳо намешавад. Ӯ аз соли 2014 дар ҳабс қарор дошта, соли 2015 ба дуздӣ ва тамаъҷӯӣ гунаҳкор дониста шуд ва ба панҷ соли зиндон маҳкум гардид. Баъдан нисбаташ иттиҳомҳои нав эълон шуда, соли 2019 ба колонияи низоми умумӣ фиристода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД