Имрӯз дар саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Файзобод нимпайкараи ҳаҷвнигори шинохта, ҳунарманди театру синамои тоҷик Қиёмиддин Чақалзода рӯнамоӣ шуда, бо иштироки шогирдону устодони мактаб ва масъулини ҳукумати ноҳия парда аз рӯи он барошта шуд.
Ин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, факултаи актёри драмма ва кинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1975 то соли 2019 дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият дошт. Ӯ 14 апрели соли 2021 дар 76-солагӣ аз олам даргузашт.
Қиёмиддин Чақалов беш аз чил сол дар Театри давлатии академӣ - драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе кор кард. Нақши охиринро ду сол пеш дар ҳамин театр бозид ва баъди ин аз саҳна рафт.
Ба ғайр аз ин, ӯ ҳаҷвнигор ва ҳунарманди кино буд. Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандоне номида мешавад, ки ҳамеша ҳаҷву хушсуханӣ дар забонаш буд, чӣ дар саҳна ва чӣ берун аз он. Қиёмиддин Чақалов дар саҳнаи синамо ҳам дурахше дошт. Дар филмҳои "Ашк ва шамшер", "Ҷазира", "Муҷассамаи ишқ", "Сароби хунин" ва чанд филми дигар яке аз нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Аз ӯ 8 фарзанд, чор писар ва чор духтар, монд.