Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз марги фоҷиавии як духтараки 16-сола дар Панҷакент хабар додааст. Ҳодиса дар деҳаи Бадгаи Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент рӯй дода, ҷисми бе ҷони ин духтараки нокомро аз қаъри ҷар пайдо кардаанд.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин духтараки 16-сола, ки сокини деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат буда, ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи якшанб, 23-октябр рӯй додааст, вале сабабиаз чунин баландӣ сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ин духтараки ормониро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо кардаанд.
Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ин ҳодисаи ногувор ба тамоми сокинони кишвар ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дар остонаи фасли сард кӯдакону наврасонро эҳтиёт кунанд ва ба танҳоӣ ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор нафиристанд, зер хатари аз кӯҳ афтодан, ҷар шудан ва ба дигар фалокатҳо гирифтор шудани наврасон дар инайём хеле зиёд аст.