Барои мухлисони сомонаи ОИЛА.ТЧ дар анҷоми соли сипаришуда, хостем панҷгонаи чеҳраҳои хабарсозтарини олами ШОУ-бизнесро пешниҳод намоем.
Дар панҷгона чеҳраҳоеро ҷамъ овардем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ва дар сархати хабарҳои сомонаҳои муътабари Тоҷикистон буданд.
Ҷонибек ба Қадами Қурбон
кӯмак намуд ё худро PR кард?
Яке аз чеҳраҳои хабарсозтарини олами ШОУ-бизнес қадами Қурбон буд. Наворҳои тӯёнаи ӯ дар портали Ютуб зиёда аз миллион нафар тамошобини худро дошт. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан инстаграм ва Ютуб ҳама аз Қадами Қурбон ва суруду ҳаҷвҳои ӯ мегуфтанд. Ибораи “Сари паваротай” пас аз як навори тӯёнаи ӯ вирди забони хурду калон гашт. Ин буд, ки блогерони тоҷик ба ӯ таваҷҷуҳ намуда, пешниҳоди ҳамкорӣ менамуданд. Чанд блогер бо Қадам мусоҳиба карданд, ки аз ҷониби мухлисон хеле хуб пазируфта шуд. Рӯз то рӯз таваҷҷуҳи мардум, ба ин ҳофизи “тӯйгард” зиёдтар шуд. Дар як мусоҳиба Қадами Қурбон аз имкон надоштани худ, бобати сабт намудани суруд ва клипи касбӣ гуфт. Ин сабаб шуду Ҷонибек Муродов ба кӯмаки ӯ шитофт. Ӯ барои Қадам имкони сабти суруд ва намоҳанги касбиро фароҳам овард. Баъзе аз мухлисони Қадам ин иқдоми Ҷонибекро дастгирӣ менамуданд, баъзеи дигар ӯро маломат мекарданд, ки гӯё барои рекламаи худ ин корро карда бошад. Аммо Ҷонибек Муродов дар як суҳбати худ, ин иддаоро рад намуда, чунин гуфта буд: “Ман ба реклама ниёз надорам. Танҳо хостам ба Қадам кӯмак намоям. Ҳар нафаре, ки истеъдод ва ҳунар дошта бошад, ман омодаам, ки ба ӯ кӯмак намоям”. Наворҳо ва сурудҳои Қадами Қурбон то имрӯз байни мардум ҷойгоҳи хоси худро аз даст надодааст. Ӯ то ҳол яке аз чеҳраҳои хабарсоз ва сертамошобини шабакаҳои иҷтимоӣ ва портали Ютуб ба ҳисоб меравад.
“Оҳи дили зор”-и Абдурозиқ
Ҷавони 16-сола аз шаҳри Панҷакати бостонӣ, ки бо сурудани сурудҳои халқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дили садҳо нафарро ба даст оварда буд, пас аз муддате бо дастгирӣ ва пешниҳоди ҳамкории рэпсарои тоҷик Барон ба Душанбе омад. Дар як муддати кутоҳ, Абдурозиқ тавонист, ки мухлисони худро пайдо намуда, таваҷҷуҳи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигоронро ба худ ҷалб бикунад. Абдурозиқ, суруди “Оҳи дили зор”, ки ба сарояндаи ҷавону муваффақи тоҷик Фараҳманд тааллуқ дорад, бозхонӣ намуд ва инчунин ба он намоҳанг низ сабт намуд, ки то имрӯз онро дар Ютуб зиёда аз 3 миллион нафар дидаанд. Ин боис гардид, ки сомонаҳои номии кишвар дар бораи ӯ бинависанд ва бо ӯ мусоҳиба ороянд.
Наворҳои дигари Абдурозиқро тамошобинон ва мухлисони ӯ дар Ютуб хеле хуб пазируфтаанд, ки бинандагони онҳо аз миллион зиёд мебошад. Барон нақша дорад, ки маблағ ҷамъ намуда, бемории Абдурозиқро табобат намояд. Абдурозиқ аз беморие ранҷ мебарад, ки ба гуфтаи духтурон табобатшаванда мебошад.
Бозгашти Нозия
Пас аз таваққуфи чандинсола сарояндаи маъруфи кишвар Нозияи Кароматулло ба саҳнаи ҳунар баргашт, ки барои мухлисонаш туҳфаи ногаҳоние буд. Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон сабаби хомӯшии худро соҳиби фарзанд гаштан ва ба тарбияи онҳо машғул шудан гуфтааст. Айни ҳол Нозия соҳиби се фарзанди дӯстрӯяк мебошад. Пас аз бозгашт бо ҳамроҳии бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло барои мухлисони худ консерти бузурге барпо намуд. Инчунин, ӯ намоҳанг ва сурудҳои нав ба нави худро пешкаши мухлисон намуда истодааст.
Сабаби дигар, ки Нозияро дар сархати хабарҳо қарор дод, ин ба сафи муборизони бемории сил пайваст шудан ва дар ҳамоиши байналмиллалӣ бахшида ба мубориза бар зидди сил дар кишвари Ҳиндустон ширкат кардани ӯ буд. Акнун Нозияи Кароматулло низ ба ғайр аз корҳои эҷодии худ, дар радифи ситорагони дигар ба монанди Шабнами Сурайё, Мавзуна Чориева, Бахтиёр Раҳимов бар зидди сил мубориза хоҳад бурд.
Эътирози Фирӯза Ҳафизова ба мухлисон
Яке аз чеҳраҳои пурсару садои олами ШОУ-бизнес, ки бо тундгӯиҳо, рафтор ва баҳсҳои худ байни истифодабарандагони интернет маъруф аст, Фирӯза Ҳафизова мебошад. Ягон матлаб, акс ё пахши мустақими ӯ дар саҳифаи инстаграмаш бе ҷангу ҷанҷол ва баҳс намемонад. Шояд ӯ аз ин баҳсҳо хаста шуд ё лаззат мебарад, ки чанд ҳафта пеш суруде бо номи “Фу, мегум, фу”-ро бо намоҳангаш дар интернет пахш намуд, ки шӯру валвалаеро ба бор овард. Дар суруд ӯ ба шахсони бекор ва онҳое, ки ба ҳама кори ӯ эрод мегиранд, “фу” гуфта хитоб намуда, хостааст, ки ба кори худ бирасанд ва “гиребони худро бӯй намоянд”. Пас аз як ҳафтаи нашри намоҳанг Фирӯза онро тоза намудааст. Сабаби тоза намудани намоҳангро ӯ зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дахолати мақомот ва Вазорати фарҳанг иброз доштааст. Ба гуфтаи мақомот суруд ба фарҳанг ва тафаккури миллат созгор набудааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки сурудро тоза намояд. Аммо, мухлисон ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, аллакай намоҳанг ва суруди онро боригирӣ намуда, дар саҳфаҳои худ гузоштаанд, ки он то ҳол дар интернет давр мезанад.
Намоҳанги ҷадиди САДРИДДИНИ Наҷмиддин
Садриддини Наҷмиддин сарояндаи маъруфи форсзабонон, ки айни ҳол хориҷ аз кишвар кору фаъолият дорад, барои мухлисони худ намоҳанг ва суруди ҷадиди худро бо унвони “Намеша-2” нашр намуд. Нашри ногаҳонии суруд ва намоҳанги он мисли “бомбаи атомӣ” дар шабакаи интернет гашт. Пас аз ду соати нашр онро дар Ютуб зиёда аз 100 ҳазор нафар тамошо карданд. Ҳатто сомонаҳои маъруфи Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аз нашри суруд ва намоҳанг хабар доданд. Аз ин бармеояд, ки мухлисон ташнаи сурудҳои нави Садриддин гардида будаанд. Садриддин тайи чанд соли охир аз рӯзноманигорон канораҷӯӣ намуда истодааст. Ӯ чунин фосиларо бо рӯзноманигорон солҳои 2006-2007 гирифта буд. Баъдан соли 2008 бо албоми нави худ ва консерти калони худро бо унвони “Зиндагӣ чист?” дар Кохи Борбад баргузор карда буд. Мухлисон ҳадс мезананд, ки сарояндаи дӯстдоштаи онҳо дар наздиктарин фурсат бо барномаи консертии нави худ ба Тоҷикистон бармегардад ва мисли солҳои пеш онҳоро дар ҳайрат хоҳад гузошт.