Паҳлавони тоҷик Виктор Рассадин ба даври нимфинали Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.
Виктор Рассадин аз намуди куштии озод дар вазни то 74 кг дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Дар даври 1/4-ниҳоӣ Рассадин паҳлавони чинӣ Лу Фенро шикаст дод.
Ёдрас мешавем, ки се паҳлавони тоҷик - Темур Раҳимов, Давлат Болтаев ва Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.