Arzon march 2024
Пахлаваи лонаи булбул
825

 

                      Маҳсулоти лозима:

30 грам – равғани маска

50 грам – об

50 грам – равғани растанӣ

60 грам – шир

10 грам – уксус

1 дона – тухм

330 грам – орд

450 грам – шакар

600 грам – об

                      Барои ороиш:

180 грам – чормағз

50 грам – маскаи обшуда

                           Тарзи таҳия:

Дар зарф маска, об, равғани растанӣ, шир, 1 қошуқча уксус, тухм, ним қошуқча намак ҳамашонро якҷоя карда, омехта мекунем. Баъдан ордро илова карда, бо муштамон ғел мезанем. Хамир бояд мулоимак бошад ва хамирро ба 7 зувола тақсим мекунем. Ҳар як зувола 80 грам бояд бошад.

Ҳамаи зуволаҳоро орд карда, тунук мекунем ва дар яхдон 1 соат мемонем дам гирад. Баъди аз яхдон гирифтан, зуволаҳоро боз тунук мекунем чи қадар тунук бошад ҳамон қадар пахлава хутару болаззаттар меояд. Дар байнашон чормағзҳоро майда карда мерезем ва мепечонем. Барои ороиш дар болояш чормағз мемонем ва дар қолаб мегирем. Аз болояшон 50 гарм равғани растанӣ ва 120 грам маскаи обшударо якҷоя карда, дар болояш мемолем.

Дар тафдон дар ҳарорати 170 дараҷа дар 50 дақиқа мепазад. Барои болояш боз болаззаттар шуданаш шарбат тайёр мекунем. Дар зарф дар оташи паст 2,5 стакон шакар ва 3 стакон обро меҷӯшонем ва як пораи лимонро сокашро дар он ҷафида дар шарбат илова мекунем. Баъди ҷӯш омадан 15 дақиқа дар оташи паст меистад.

Шарбатро бисёр наҷӯшонед, ки пахлава шакарак мебандад. Пахлаваро аз тафдон мегирем 5 дақиқа меистад ва шарбати ҷӯшро аз болояш мерезем. Пахлаваро мемонем 3 – 4 соат дам мегирад ва ба писта оро медиҳем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД