Дӯстони арҷманд, хоҳарон ва бародарони азиз!
Мехоҳам аз номи Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе Иди Қурбонро барои мардуми Тоҷикистону Туркия ва тамоми дунёи Ислом муборакбод бигӯям. Аз Худованд сипосгузорем, ки моро дар камоли амнияту оромиш боз ба як иди дигар расонд.
Имсол низ дар Иди Қурбон аз тарафи Бунёди Диёнати Туркия ва туркҳои муқими Тоҷикистон мо ба ниёзмандон гӯшти қурбонӣ тақсим мекунем. Иншоаллоҳ, ки Худованд қабул фармояд.
Иди Қурбон муборак! Саломат бошед!