Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 212 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 ҳолат бештар аст.
Замонҳое, ки зан танҳо кадбонуи хонадон ва вазифааш фақат таваллуд ва тарбияи фарзанд буд, кайҳо гузаштаасту дар ҷаҳони муосир дар тамоми соҳаҳо бонувон дар радифи мардон саҳми босазои хешро дар пешравӣ ва ободонии ҷомеа мегузоранд. Зан имрӯз президент, вазир, инженер, духтур, муҳандиси сохтмон, омӯзгор, олим, адиб, журналист, хулласи калом ҳамакора аст. Соҳае нест, ки дар он бонувон нақш надошта бошанд, вале то ба имрӯз дар кишвари мо баъзе волидоне ёфт мешаванд, ки садди роҳи таҳсили духтаронашон гашта, имконият намедиҳанд, ки духтар хонад, касбу ҳунар омӯзад, кор кунад ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намояд. Монеъшавии волидон ба таҳсили духтарон паёмадҳои ногувори зиёде дорад, ки онро дар мисоли тақдири садҳо занону духтарони аз омӯзиши илму ҳунар бебаҳра монда метавон дарёфт. Яке аз чунин духтарон Шукрона аст, ки волидонаш монеи таҳсилаш гашта, бархилофи хоҳишаш ӯро бармаҳал ба шавҳар додаанд ва боиси ба гирдоби мушкилоти зиндагӣ ғӯттавар гаштанаш шудаанд...
ДУ ТАҚДИР
Тақдири аввал
Сарнавишти талхи Шукрона
Шукрона (номи қаҳрамон бо хоҳиши худаш иваз шудааст) ҳамагӣ 22 сол дорад, вале аллакай аз ду шавҳар ҷудо шуда, бо фарзанди маъюбаш сарсону саргардон аст, зеро на ягон касбу ҳунар дорад, на ҷойи кор. Вай ҳатто маълумоти миёна надорад. Волидонаш баъди хатми синфи 8 Шукронаро дигар ба мактаб рафтан намондаанд. Падару модари тоҷираш саргарми савдо буданд ва парастории додару хоҳаронаш бар дӯши вай афтода, мисли занҳои калонсол рӯзи дароз бо рӯфтану шустан ва хӯрокпазию нигоҳубини кӯдакон машғул буд. Шукронаро ҳанӯз дар кӯдакӣ бо писари амакаш гаҳворабахш карда буданд ва боварӣ дошт, ки келини оилаи сарватманде шуда, як умр шоҳона зиндагӣ мекунад, аммо...
Домодшаванда, ки ҷавони шаҳрӣ буду дар донишгоҳ таҳсил мекард, ба як ҳамсабақаш ошиқ шуда, падару модарашро маҷбур кард, ки фотиҳаи Шукронаро гардонанд ва бо духтари дӯстдоштааш хонадораш кунанд. Пас аз зангирии номзадаш, модари Шукрона барқасд духтарашро ба аввалин хостгори аз дар даромада ба занӣ дод. Шукрона, ки он замон ҳамагӣ 17 сол дошт, эътироз накарда, ба ҷавоне, ки боре ҳам надида буд, ба шавҳар баромад, аммо...
Пас аз тӯй маълум шуд, ки домод бемории рӯҳӣ доштааст. Ҳамин тавр, ҳанӯз 18-сола нашуда, Шукрона аз бахти аввалаш ҷудо шуд ва дубора ба хонаи волидонаш баргашт. Дар ин миён падараш ба сактаи мағзӣ гирифтор гашт. Азбаски касе аз аҳли оилаи онҳо саводи казоӣ надошт, натавонистанд тиҷорати падарро идома диҳанд ва дар як муддати кӯтоҳ мағоза муфлис шуда, вазъи иқтисодии оилаашон душвор гашт. Барои халосӣ аз як нонхӯри зиёдатӣ Шукронаро ба писари холааш, ки бо се фарзанд занашро талоқ дода буд, ба шавҳар доданд, аммо баъди тӯй хола - хушдоман рӯзашро чун шаби тор сиёҳ гардонд. Вай ба ҳар як кори арӯсак эрод гирифта, шӯрандозӣ мекарду бо балвои модараш шавҳараш рӯздармиён Шукронаро зери мушту лагад гирифта, хеле бераҳмона мезад. Ба хотири дубора сиёҳбахт нашудан, Шукрона ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳару хушдоманаш тоқат мекард, аммо як сол пас писархолааш дубора бо зани якумаш оштӣ карда, Шукронаи ҳомиларо талоқ дод.
Се моҳ пас Шукрона писарчаи зебоеро ба дунё овард, вале бо сабаби никоҳи хешутаборӣ кӯдак маъюб ба дунё омада, на роҳ мегардаду на гап мезанад.
Акнун Шукрона бо кӯдаки маъюб дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайрон мондааст. Падараш аз дунё гузашт, модараш фишори хуну бемории қанд дорад ва дар ягон ҷо кор намекунад. Бародаронаш мисли худаш бесавод мондаанд ва аз дасташон ягон кор намеояд. Шавҳараш барои парастории фарзандаш ҳатто алимент намедиҳад.
Шукрона бо фарзанди маъюбаш бо нафақаи ночизи модараш бо сад ранҷу азоб зиндагӣ карда истодааст ва бо афсӯс лаб газида, мегӯяд: “Волидонам агар дар вақташ монеи таҳсил карданам намегаштанд, шояд ман ҳам мисли дигар духтарон ягон касбу ҳунарро меомӯхтам ва дар зиндагӣ ин қадар азият намекашидам, аммо...”.
Мард, агар дурандеш бошад...
Аксаран мардҳои хонавода-падар, амак, бародарон, шавҳар монеи таҳсил ва кор кардани занону духтарон мегарданд, аммо мардони дурандеше низ ҳастанд, ки баръакс барои соҳибкасбу соҳибҳунар гаштани духтарон ёрӣ мерасонанд, зеро хуб медонанд, ки омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар зиндагии хушбахтонаи фарзандашонро дар оянда кафолат медиҳад. Қаҳрамони дуюми мо дар оилаи чунин марди дурандеш ба дунё омада, бо роҳнамоии волидонаш қуллаҳои донишро фатҳ карда истодааст...
Тақдири 2
Аслигул - тоҷикдухтаре, ки 7 забони хориҷиро омӯхтаасту дар Миср мехонад
Аслигул Тиллохонова дар ноҳияи дурдасти Ишкошим ба дунё омадааст. Ин духтараки қавиирода тавонист аз байни кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон ба худ роҳ кушода, дар ҷустуҷӯи илму дониш то ба Амрико ва Мисри Араб расад. Волидони Аслигул сарватманд нестанд. Падараш муҳоҷири меҳнатӣ буда, мисли дигар ҷавонмардони тоҷик дар Русия кор мекунад, вале нисбати тақдири фарзандонаш бепарво нест. Бо дастгирии волидонаш Аслигул ҳанӯз аз синни 10-солагӣ ба забономӯзӣ сар карда, то ба имрӯз 7 забони хориҷиро омӯхтааст. Ин тоҷикдухтари забондон дар чандин озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ ғолиб омадааст. Аз ҷумла тариқи барномаи Fleх дар Конференсияи забондонони дунё дар шаҳри Вашингтони Амрико ва Қоҳираи Миср иштирок намуда, дар байни намояндагони 45 давлати дунё Аслигул бо 5 забон - русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дар бораи Тоҷикистон маълумот дода, сазовори диплом ва ҷоизаҳои бонуфуз гаштааст.
Ин духтараки ташнаи илму дониш факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм намуда, бо 7 забони хориҷӣ озодона суҳбат мекунад, вале ба ин ҳам қонеъ нагашта, ба донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира дохил шудааст ва соли равон онро бо муваффақият хатм мекунад.
Забондонӣ ва қобилиятҳои баланди зеҳниашро ба назар гирифта, калонтарин ширкатҳои Канада, Олмон ва Амрико Аслигулро ба кор даъват карда истодаанд, аммо ин тоҷикдухтари забондон мехоҳад ба Ватан баргашта, саҳми худро дар пешравии диёри аҷдодиаш гузорад. Аслигул аз волидонаш миннатдор аст, ки монеи таҳсилаш нагаштанд ва баръакс, барои расидан ба қуллаҳои орзу ба ӯ кумак карданд.
Хушбахтии фарзандонамонро мехоҳем, вале...
Сарнавишти қаҳрамонони мо - Шукрона ва Аслигул аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар барои занону духтарон мисли обу ҳаво зарур аст. Духтаре, ки аз илму дониш ва касбу ҳунар бебаҳра мемонад, дар зиндагӣ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардад. Ҳар як падару модар хушбахтии фарзандашонро мехоҳанд. Пас, чаро баъзе волидон монеи таҳсили духтаронашон мегарданд?
Омилҳои аз таҳсил дур мондани духтарон
Коршиноси масоили гендерӣ, корманди Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” Марҳабо Олимӣ сабаб ва омилҳои аз таҳсил дур мондани духтаронро шарҳ дода, гуфт:
- Барои ҷалби духтарон ба таҳсил, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дар амал татбиқ намудани сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст, вале ҳанӯз дар ин масъала мушкилиҳои зиёде вуҷуд доранд. Яке аз ин мушкилиҳо анъанаҳои шахшуда мебошанд, ки монеи таҳсили духтарон мегарданд. Волидоне ҳастанд, ки аз рӯйи мақоли кӯҳнаи “духтара худаш чию хонданаш чӣ?” амал намуда, имкон намедиҳанд, ки духтаронашон ҳатто маълумоти миёнаи ҳатмиро бигиранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки духтарашонро барвақттар ба шавҳар дода, аз як бори зиёдатӣ халос шаванд. Аммо никоҳи бармаҳал аксар вақт бо нокомӣ анҷом ёфта, боиси вайроншавии оилаҳои ҷавон мегардад, чунки духтарони ноболиғ ба оиладорӣ ҳанӯз тайёр нестанд.
Сабаби дигари аз таҳсил дур мондани духтарон дар бархе аз оилаҳо ҷой доштани мушкилоти иқтисодӣ аст. Ин оилаҳо имконияти хонондани чанд фарзандро надоранд, бинобар ин, авлавиятро ба писарон медиҳанд, зеро барои мардуми Шарқ, аз ҷумла барои тоҷикон такягоҳи ояндаи оила писар ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб, аксари падару модарон писаронашонро ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил карда, духтаронашонро барвақт ба шавҳар медиҳанд, зеро аз назари онҳо вазифаи зан танҳо кадбонуи хонадоне гашта, хизмати шавҳар ва хусуру хушдоманро ба ҷо овардану тавлиди фарзандон аст...
Ба гуфти коршинос, омилҳои дигари аз таҳсил дур мондани духтарон муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳити носолими оилавӣ, дода шудан ба хурофот, паст будани маърифати ҳуқуқию шаҳрвандӣ ва беморию марги бармаҳали волидон мебошад.
Ҳуқуқшинос чӣ мегӯяд?
Ҳуқуқшинос Матлуба Бобоҷонова мегӯяд, ки аз таҳсил дур мондани духтарон паёмадҳои нохуши зиёде дорад.
- Духтароне, ки аз таҳсил дур монда, ғайри хоҳиши худашон, бо хости падару модар бармаҳал ба шавҳар мебароянд, дар хонадони шавҳар бештар бо зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегарданд, зеро маърифати ҳуқуқиашон паст буда, ҳуқуқҳояшонро намедонанд, аз худ дифоъ карда наметавонанд. Дар хонаи волидон падару бародаронашон монеи таҳсили духтарон мегарданд, баъди ба шавҳар баромадан бошад, ҳамсарашон иҷозаи кор кардан намедиҳад. Азбаски касбу ҳунар ва ягон манбаи даромад надоранд, ин тоифаи бонувон аз нигоҳи иқтисодӣ ба мард сахт вобаста ҳастанд ва аз тарси талоқ ночор муддати тӯлонӣ ба ҷабру зулми хушдоман, хоҳаршӯй, додаршӯй ва мушту лагади шавҳар тоқат мекунанд. Мутаассифона, баъзан кор то ба худкушии зан мерасад, ки хеле ғамангез аст.
Модари хушбахт - фарзанди хушбахт
Сабоҳат Рустамзода, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи аз таҳсил дур мондани духтарон ва никоҳи бармаҳалро таҳлил намуда, зимни суҳбат бо мо гуфт:
- Аз таҳсил дур мондани духтарон ва никоҳи бармаҳал масъалаи доғи рӯз ва хеле нигаронкунанда аст. Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила дар маҳалҳо хона ба хона гашта, бо падару модарон дар ин мавзуъ суҳбат меороянд, дар бораи оқибатҳои дур мондан аз омӯзиши касбу ҳунар ва никоҳи бармаҳал мегӯянд, мефаҳмонанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста ба талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва баланд бардоштани нақшу мақоми занон дар ҷомеа, ҳанӯз ҳастанд волидоне, ки монеи таҳсили духтаронашон мегарданд. Аксари падару модарон мушкилоти иқтисодиро баҳона пеш меоранд. Онҳо гумон мекунанд, ки духтарро барвақт ба шавҳар дода, аз як нонхӯри зиёдатӣ халос мешаванд, вале бо сабаби омода набудани навхонадорон ба оиладорӣ чунин оилаҳо ноустуворанд. Оқибат оилаи ҷавон бо сабаби ҳамдигарнофаҳмӣ ё хушунату зӯроварӣ пош хӯрда, духтар бо 2-3 фарзанди ноболиғаш ба хонаи волидонаш бармегардад. Шавҳараш зани дигар гирифта, аз паси зиндагии худ мешавад, зани аз шавҳар ҷудошуда бошад, ба гирдоби мушкилиҳо ғуттавар мегардад, зеро на манзили худро дорад ва на ягон манбаи даромад. Урфу одати мардуми мо чунин аст, ки хонаи падар моли писарон ба шумор меравад ва духтари аз шавҳар ҷудошударо аҳли оила сарборӣ меҳисобанд. Дар баъзе ҳолатҳо фарзандони ноболиғи духтарони аз шавҳар ҷудошуда зери хушунату зӯроварии равонӣ ва ҳатто ҷисмонии аҳли оила қарор гирифта, кӯчагарду душвортарбия мешаванд. Аксаран занро таъна мезананд, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, бо кӯдаконаш дарди сари онҳо шудааст, вале фикр намекунанд, ки агар дар вақташ ба духтар имконияти хондан ва ягон касбу ҳунарро омӯхтан медоданд, мӯҳтоҷи онҳо нагашта, нонашро худаш меёфт. Ҳамин тавр, аз таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар дур мондани духтарон натанҳо боиси дар оянда азият кашидани худи занон, балки кӯдакони онҳо низ мегардад. Модар хушбахт бошад, фарзанд ҳам хушбахт мешавад, аз ҳамин хотир, барои хушбахтии ояндаи фарзандонамон мо бояд пешакӣ замина гузошта, писарон ва духтарони худро ҳатман ба омӯзиши касбу ҳунар ва илму дониш ҷалб намоем.
Синни никоҳиро кам мекунанд, агар...
Тибқи қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон аз синни 18-солагӣ ақди никоҳ бастан мумкин аст, вале дар баъзе ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад синни никоҳиро то 1 сол кам кунад. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 330 ҳолати кам кардани синни никоҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳолат зиёдтар аст. Дар ин давра 29 ҳолати ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳӣ нарасида ва 25 ҳолати бастани ақди никоҳ бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида ба қайд гирифта шудааст, ки ҳарду ҳолат нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бештар мебошанд. Рақамҳо нишон медиҳанд, ки ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳӣ нарасида тамоюли рӯ ба афзоиш дорад.
Пешравӣ ва мушкилот
Марҳабо Олимӣ, коршиноси масоили гендерӣ мегӯяд:
- Пештар мегуфтанд, ки “ба як мард чил ҳунар кам аст”, вале дар замони муосир барои занон ҳам касбу ҳунар мисли обу ҳаво зарур аст. Зан аз илму дониш баҳравар ё соҳиби касбу ҳунар бошад, минбаъд натанҳо дар тарбияи фарзандон, балки дар буҷаи оилавӣ низ саҳми хешро мегузорад. Хушбахтона, имсол ба Кодекси маорифи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки тибқи он духтарон бояд то синфи 11 таҳсил намоянд. Ин ба фарогирии духтарон ба таҳсил ва пешгирии никоҳи бармаҳал мусоидат хоҳад кард. Тибқи моддаҳои 168 ва 169 барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида ва бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Олимӣ мегӯяд, барои пешгирии ҳолатҳои монеъшавӣ ба таҳсили духтарон ва никоҳи бармаҳал дар сатҳи давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳоеро таҳия намудааст, ки барои соҳибкасб ва соҳибмаълумот гаштани занону духтарон кумак мерасонанд. Аз ҷумла Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2022-2030, Барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аммо дар сатҳи ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кардан лозим аст, то ки мавқеи занон дар воқеъ баланд бардошта шавад. Тавассути васоити ахбори омма дастовардҳои бонувони фаъолро ташвиқ карда, байни аҳолӣ оид ба зарурати таҳсили духтарон ва ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан лозим аст, то ҳар як фарди ҷомеа ҳис кунад, ки духтарон танҳо тимсоли зан-модар не, балки узви баробарҳуқуқи ҷомеа ҳастанд. Дар ин раванд беш аз ҳама дар сатҳи оила бо падару модарон ва мардон кор кардан лозим аст, зеро ҷалби духтарон ба таҳсил ва фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа бидуни иштироки мардон душвор аст.