Падару писар занро куштанд ва мисли қассобоне, ки гӯсфанди қурбониро сар мезананд, сару дасту пойҳояшро аз тан ҷудо намуда, ҷисми занро реза-реза карданд ва ба як ҷуволи хеле калон андохтанд. Пас аз ин, онҳо бепарвоёна халтаро сари китф бардошта, дарро маҳкам карданд ва аз зинаҳо поин шуда, ба сӯйи мошини сабукрави худ равон шуданд...
Гумон накунед, ки ин афсона ва ё порае аз кадом як филми даҳшатнок ва ё романи дедективӣ аст. Ин ҳодисаи даҳшатангез дирӯз дар Русия, аниқтараш дар шимоли Байкал рӯй дода, як марди 59-сола дар ҳамдастӣ бо писари 35-солааш як зани 38-солаи маҳаллир кушта, баъдан ҷисмашро пора-пора карда, ба халта андохтаанд.
Қотилон дар ҳоле дастгир шуданд, ки мехостанд далели ҷинояти содир кардаи худро несту нобуд созанд.
Тавре ки манбаҳои русӣ менависанд, яке аз ҳамсояҳо дар роҳрави бино (подезд) қатраҳои хунро мушоҳида намуда, баъдан аз тиреза мебинад, ки чи тавр ду марди ҳамсояаш як халтаи калонро ба мошин бор карда истодаанд. Зан ба шуҳба афтода дарҳол ба пулис занг мезанад ва дар ин бора маълумот дода, рақамҳои мошинро мегӯяд.
Пас аз чанд лаҳза кормонадони пулис мошинро нигоҳ доштанд ва аз ронанда талаб намуданд, ки бордон (багажник)-ро кушояд. Ронанда аввал баҳонаҳои гуногун пеш оварда бошад ҳам, баъдан зери фишори кормандони мақомот маҷбур мешавад, ки бордонро кушояд. Кормандони пулис бо пайдо кардани “бозёфт”-и хунин аз бордони мошин ба даҳшат афтоданд. Дар халтаи калони сиёҳ ҷисми пора-пора шудаи инсон мехобид.
Ба дастони падару писар завлона зада, онҳоро бо гумони содир намудани куштори ваҳшиёна дастгир намуданд.
Аз манзили онҳо яроқи куштор-корд ва табар ёфт шудааст, вале шахсияти кушташуда ва сабаби занро бо чунин усули ваҳшиёна ба қатл расонида, ҷисмашро пора-пора кардани ин ду мард ҳанӯз маълум нест.
Қотилон дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд ва танҳо баъди пурра ҳушёр шуданашон бозҷӯии онҳо оғоз меёбад.
Ф. Сатторӣ