Arzon Banner
ПАДАРИ ДУЗАНААМРО БАХШАМ?
05.09.2020
ОИЛА
3464

 

Номам Мурод. Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ҳисор умр ба сар мебарам. Саргузашти талхамро аз рӯзе сар кардан мехоҳам, ки падарам моро партофта рафт. Мо дар оила ду писару ду духтар будем.

Падарам ба тиҷорат машғул буду зиндагии хуб доштем, аммо оҳиста-оҳиста пули калон ӯро маст карда ба арақнӯшӣ сар кард. Масту аласт омада модари бегуноҳамро баҳудаю беҳуда мезад. Дигар ба хона аҳамият намедод, барояш аҳамият надошт, ки мо чӣ мехӯрему чӣ мепӯшем. Оҳиста-оҳиста падарам ҳафтае як маротиба ба хона меомадагӣ шуда монд. Аз набудани ӯ мо хурсанд будем, чунки аз доду вой ва дашному ҷанҷолаш гӯшамон ором меёфту каме нафаси озод мекашидем, вале модарам зиқ шуда гиря мекард. Дертар шунидем, ки падарам дар шаҳр зан доштаасту дигар бо модарам зистан намехостааст. Модарам зани бад набуд, зебо, хушқаду қомат, меҳрубон ва аз ҳама муҳимаш бо ҳамон қадар азобҳояш падарамро ҳурмат менамуду аз зиндагиаш ба касе шикоят намекард, бинобар ин рафтори падар барои мо ҳайратовар буд.

 

Зиндаятимон

Падарам ҷавоби модарамро доду хонаву дарро ба мо партофта рафт. Модарам барои бахти шикастааш сӯхта шабҳои дарозро бо гиря рӯз мекард. Ман нав дар синфи чорум мехондам, вале номардии падарам маро бармаҳал мард кард. Зиндагӣ баъди рафтани падарам ба сари мани 10- сола бор шуд. Модарам субҳи барвақт ба ширфурӯшӣ мерафту ман аз назди мардикорҳо рафта аз вагон бор мефаровардам, то додараку хоҳаракам аз гуруснагӣ намиранд. Модарам шукрона карда пулҳои меҳнатиамро ба дидааш мемолид ва ашки чашмонашро пок карда мегуфт: «Писарам, ту ҳанӯз хурд ҳастӣ, ҳоло ба корҳои вазнин зурат намерасад, ҷони оча. Падарат шуморо партофта бошад ҳам, ҳоло модарат зинда аст, беҳуда миёнатро нашикан…»

 

Падардори бе падар

Хоҳарчаам ҳанӯз тифлаки ширхора буд ва модарам ҳар субҳ ӯро дар гаҳвора баста ба ширфурӯшӣ мерафт. Додаракам то аз бозор омадани модарам ӯро нигоҳубин мекард. Як рӯзи сарди зимистон хоҳарчаам сахт бемор шуд. Таб карда мегирист. Модарам шаби дароз нахобида ӯро дар бағалаш гирифта рӯ рӯи хона гашт. Бечора модарам пуле надошт, ки фарзандашро ба беморхона барад. Қарибиҳои рӯз ғанаби хоҳарчаи беморам бурду модарам ӯро зуд дар гаҳвора баста ширҳоро ба бозор бурд. Ният дошт, ки ширро мефурӯшаду бо пулаш хоҳарчаамро ба беморхона мебарад. Пас аз ду -се соат модарам гашта омаду ба хона даромад, то хоҳарчаамро аз гаҳвора кушода ба беморхона барад, вале лаҳзае пас садои доду вояш баланд шуд. Хоҳарчаи яксолаам дар даруни гаҳвора мурдааст. Модарам навҳакашон ба ҳавлӣ баромад. Дар як дам хона ба мотамхона табдил ёфта пури одам шуд. Хешу табор ҷамъ омада бо чашми гирён модарамро тасаллӣ медоданд, вале дили хунгаштаи ӯро касе даво бахшида наметавонист. Худашро болои ҷасади хурдакаки тифлакаш партофта рӯйканону мӯйканон нолаҳои зор мекард модарам. Бо маслиҳати мӯйсафедон мурдаро як рӯз нигоҳ доштанд, то падараш бори охирин ӯро бубинад, вале дадаи ноинсофам наомад. Ҳамин тавр хоҳарчаи падардори бе падарамро бегонаҳо ба хок супурда баргаштанд.

 

Мардакча

Пас аз марги хоҳарчаам дилам батамом аз падарам сард гашту қарор додам, ки зиндагиро пурра ба дӯши худ мегирам. Намехостам дигар хоҳару додараконамро ҳам аз даст диҳам, барои ҳамин дигар модарамро ширфурӯшӣ рафтан намондам. Рӯзи дароз борҳои вазнин мекашондаму зиндагиамонро танҳо худам пеш мебурдам. Баъзе шабҳо то саҳар нахобида бор мефаровардаму бо пули калон ба хона бармегаштам. Аҳволи маро дида дили модарам реш-реш мешуд. Дастонам аз хунукӣ карахт шуда, дигар ҳатто пойафзоламро аз поям кашида наметавонистам. Модарам зуд хонаро гарм карда мӯзаҳоямро аз поям мекашиду пойҳои маро дар даруни оби гарм гирифта падарамро дуои бад мекард. Мӯзаҳоям сӯрох ва мисли ғалбор шуда буданд. Бечора модарам бо оби дида пойафзолу либосҳои таршудаамро хушк мекард. Шаби дароз аз фикру хаёлҳои зиёд хобам намебурд. Аъзои баданам дард мекард, вале худро дар назди модари дилшикастаам бардаму пурқувват мегирифтам. «Худоё, ман чӣ дидам аз ҳамин дунё?! Ҷӯраҳоям бо сару либоси замонавӣ дар даст телефон дунболи духтарҳои зебо мегарданду ман бошам бо мӯзаю палтои дарида аз пайи кору бори зиндагӣ овораам! Мурғи дилам барвақт мурда дар ягон кунҷаки қалбам ҳатто чароғаки умеде ба ояндаи хуш фурӯзон нест»,- мунозира менамудам дар танҳои худ ба худ бо офаридгор.

 

Орзуи модар

Солҳо турнасон гузаштанду ман ҳам мард гаштам. Модарам шабе бо алам гуфт:

-Писарам, ҳама ҳамсинфонат хонадор шуда, соҳиби фарзанд гаштанд. Коре карда туро хонадор карданам лозим аст. Имсол ба 27 қадам мегузорӣ, то ҳол сари танҳо гаштанат ҳам убол асту ҳам айб.

Оҳи сард кашида «Очаҷон, мо чӣ дорем, ки тӯй мекунем?!» гуфта бошам ҳам, модарам дигар ба суханонам гӯш надода аз пайи келинкобӣ шуд. Арӯсе меҷуст, ки шароити зиндагиамонро фаҳмаду ба ҳама камбудиҳои рӯзгори мо тоб оварда тавонад.

 

Арӯс не, фаришта!

Ниҳоят аз деҳаи ҳамсоя духтараки зебоеро ёфта бароям хостгорӣ намуданд. Хушбахтона, падару модараш ва худи он фариштам ҳам, каму кости рӯзгори моро қабул карда, розӣ шуданд. Бечора модарам пеши сад кас гардани каҷ карда, пул қарз гирифту рӯзи тӯйро муайян карданд.

 

Келини хушпою қадам

Се рӯз пеш аз тӯй аз кор барвақт ба хона омадаму шоҳиди манзарае гаштам, ки ҳеҷ интизор набудам. Падарам дар саҳни ҳавлӣ сархам рост истода буду модарам ба сараш ҷанҷол бардошта «Дигар дар ин хона барои ту ҷой нест» мегуфт. Падари замоне муштзӯрам акнун муши мурда барин хомӯш буд. Дар мӯи сараш сафедӣ дамида қоматаш аллакай хам зада буд. Хоҳару додарчаам, ки замони моро партофта рафтани падарам хурд буданду ӯро дар ёд надоштанд ва ҳайрон-ҳайрон ба моҷарои модарам бо ин марди «ношинос» менигаристанд. Маро дида «писарам» гӯён, падарам сӯям давида ба оғӯш кашида мебӯсиду мегирист. Дар чашмони ман ҳам ашк ҳалқа зад. Падарам дар пеши пойи модарам сари таъзим хам карда узр пурсид, вале модарам ӯро ҳеҷ бахшида наметавонист. Барои азобҳои кашидааш, барои хоҳарчаи дар даруни гаҳвора мурдаам зор-зор мегирист модарам ва падарамро ба хона роҳ намедод.

-Падарҷон, тӯли ин қадар солҳо дар куҷо будед? Моро партофта рафтед. Ба ҳоли зори мо раҳми дӯсту душман меомад,-кулбори алами диламро кушодам дар назди мӯйсафед.

-Бо кадом рӯ гашта ба назди мо омадед?! Замоне, ки нони хӯрданӣ надоштем, шумо куҷо будед?! Акнун ҳамаамон мард шудаем, бе падар ҳам зиндагиамон мегузарад,-ситеза намуд бародари хурдам, вале ман ӯро коҳиш намуда панди «падарат хук бошад ҳам, хуб бонӣ кун»-ро ба ёдаш овардам. Берун аллакай торик шуда буд. Падарам бо дили хунчакон ҷониби дарвоза равон шуд. Селоби ашки чашмонаш рухсораҳояшро мешуст. Дилам ба ҳолаш сӯхту тамоми азобҳои тӯли ин солҳо кашидаамро дар як дам фаромӯш карда гуфтам:

-Модарҷон, аз гуноҳашон гузаред! Ба хотири падари фарзандонатон буданашон, ба хотири бахти аввалаатон буданашон падарамро бубахшед.

Модарам оҳи сард кашида пичирросзанон гуфт:

-Вақте ки доранда буд, моро партофта дунболи зани дигаре рафт. Акнун, озод шудаасту дар киссааш як пули пучак надорад, зани таннозаш ӯро аз хонааш пеш кардааст. Дигар дар хонаи мо ҳам барои ӯ ҷой нест!

Ба зону зада аз модарам илтимос кардам, ки тӯйро бо падарам гузаронем. Бечора модарам ба хотири ману келинаш розӣ шуд.. Падарамро ба хона даровардам. Аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзид. Тӯйро бо иштироки мӯйсафед гузаронида дуои некашро гирифтем. Ҳамсояҳо ва хешу табор бозгашти падарамро бо шарофати пою қадами неки арӯси ман медонанд. Падарам аз келинаш розӣ аст ва ба падару модараш барои тарбияи чунин духтари ҳунарманду хоксору меҳрубон раҳмат мехонад.

Инак, ду моҳ мешавад, ки падарам дар хона аст, вале модарам ҳанӯз ба рӯяш нигоҳ намекунанд. Онҳоро мисли пештара якҷо дидан мехоҳам. Магар ман кори хато кардам, ки падарамро ба хона роҳ додам? Ӯро бахшида метавониста бошад ё не?

Хонандагони азиз шумо чӣ мегӯед?

Мурод, н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Хочимухаммад. 2020-09-05, 20:56
Худованд аз рузи азал Мардро барои зан ва Занро барои Мард офарида, Дар рафти хайету зиндаги и як чоя кадоме ба хато рох дихад, е хиенат кунад, Дар гунохи кардааш назди Худованд чавоб мегуянд, Зеро гурхояшон чудо аст, Ба Модаратон гуед, ки инсони бузург чи зан чи мард хамонест, ки Афв кунад, то Худованд уро рузи к мат Афв кунад, Зеро банда бе гунох на мешавад, Падар дар оила Хоча аст, Барои зан ва Фарзанд, итоати У итоат кардан и Худо аст, У болои шумоен ва шумоен болои у хакк доред, Гарчи аз сари нодони ба хато рафт, ва вазифа и Падар и худро ичро накард, назди Худованд чавоб мегуянд, Зеро Худованд доварастмиени шумоен ва У, шумоен вазифаи Фарзанд ва Модаратон вазифаи Зании худро ичро кунед то рузи киемат аз азоби Худо озод бошед Зеро аз У ибрат гиред, ки бахту зиндаги дар Оила Бахти Аввал аст, барояшон Хушбахт и мехохем. Хочимухаммад. Н К Масчох.
Посух
Аскарали 2020-09-05, 21:20
Бисер кори хуб кардаед ачру савоби зиёд гирифтед .Одами шири хомхурда мегуянд дар урфият
Посух
"Мусофир" 2020-09-06, 07:51
Хама дар зиндаги хато мекунад Азобхои аз сараш гузаронди модар ва аз даст додаи чигарбандаш фаромуш намешавад Дили шикаста ро кавок кардан намешавад Лекин дар рохи ризои Аллох бахшида даркор Худо худаш чазоша медихад Фарзанди ба номус будаст ки падараш ро бахшида кабул кард Илохо умрат дароз бобаракат шавад омин
Посух
Нилуфар 2020-09-06, 11:09
Ма мешидм рах намедодм ика азоб кашиден
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Хочимухаммад. 2020-09-05, 20:56
Худованд аз рузи азал Мардро барои зан ва Занро барои Мард офарида, Дар рафти хайету зиндаги и як чоя кадоме ба хато рох дихад, е хиенат кунад, Дар гунохи кардааш назди Худованд чавоб мегуянд, Зеро гурхояшон чудо аст, Ба Модаратон гуед, ки инсони бузург чи зан чи мард хамонест, ки Афв кунад, то Худованд уро рузи к мат Афв кунад, Зеро банда бе гунох на мешавад, Падар дар оила Хоча аст, Барои зан ва Фарзанд, итоати У итоат кардан и Худо аст, У болои шумоен ва шумоен болои у хакк доред, Гарчи аз сари нодони ба хато рафт, ва вазифа и Падар и худро ичро накард, назди Худованд чавоб мегуянд, Зеро Худованд доварастмиени шумоен ва У, шумоен вазифаи Фарзанд ва Модаратон вазифаи Зании худро ичро кунед то рузи киемат аз азоби Худо озод бошед Зеро аз У ибрат гиред, ки бахту зиндаги дар Оила Бахти Аввал аст, барояшон Хушбахт и мехохем. Хочимухаммад. Н К Масчох.
Посух
Аскарали 2020-09-05, 21:20
Бисер кори хуб кардаед ачру савоби зиёд гирифтед .Одами шири хомхурда мегуянд дар урфият
Посух
"Мусофир" 2020-09-06, 07:51
Хама дар зиндаги хато мекунад Азобхои аз сараш гузаронди модар ва аз даст додаи чигарбандаш фаромуш намешавад Дили шикаста ро кавок кардан намешавад Лекин дар рохи ризои Аллох бахшида даркор Худо худаш чазоша медихад Фарзанди ба номус будаст ки падараш ро бахшида кабул кард Илохо умрат дароз бобаракат шавад омин
Посух
Нилуфар 2020-09-06, 11:09
Ма мешидм рах намедодм ика азоб кашиден
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД