Arzon march 2024
Падари духтари дӯстдоштаам қавли мардона дод, вале ба аҳдаш вафо накард
10.03.2025
Oila.tj
1415

Салом! Мардуми тоҷик мақоли хубе доранд: “Мардро лафзаш ҳалол!”. Марди ҳақиқӣ бояд ҳамеша ба қавли додааш амал кунад, вале на ҳамаи мардон ин оини ҷавонмардиро риоя мекардаанд. Ман инро дар мисоли тақдири худам мегӯям.

Падару модари ман одамони камбағал бошанд ҳам, меҳрубону хайрхоҳ ва дасткушоданд. Мо дар деҳа зиндагӣ мекунем, ҳаққу ҳамсояҳо волидони маро барои дар тӯю суру маргу мурда ҳамеша дар канори онҳо буданашон иззату ҳурмат мекунанд. Боварии комил дорам, ки падару модарам ба хонаи кадом ҳамсояамон, ки хостгорӣ раванд, бо ҷону дил духтарашонро бароварда медиҳанд, вале мани сода ҳанӯз аз замони кӯдакиам ошиқи шайдои Гулрӯ гашта, ҳамеша ба хотири ин духтар тайёр будам, ки кӯҳро зада талқон кунам. Ҳар сол дар мавсими киштукор ва дараву ҷамъоварии ҳосил ба хонаашон рафта, дар кору бори онҳо ёрӣ мерасондам. Падари Гулрӯ марди пулдор аст ва назараш ҳар касро намегирад, аммо бобою бибӣ ва амакҳояш одамони хубанд. Тирамоҳи соли гузашта дар мавсими дарав ба онҳо ёрӣ расондам. Вақте ки як мошин гандумро аз сари замин ба хонаашон овардем, бобои Гулрӯ хандида гуфт, ки агар 40 халта гандумро худам танҳо ба амбор дарорам, набераашро поку пиҳил ба ман мебахшад. Падари Гулрӯ низ ба ин шарт розӣ шуда, ваъда дод, ки агар ин корро карда тавонам, аз ҳисоби худаш тӯй карда, духтарашро ба ман ба занӣ медиҳад. Шояд онҳо бовар надоштанд, ки аз ӯҳдаи ин кор мебароям, вале ишқ ба ман қудрат бахшиду тани танҳо як мошин гандумро ба амбор даровардам. Вақте ин кори вазнинро ба охир расондам, куртаам аз шиддати арақ ба танам

часпида буд. Бобои Гулрӯ ба китфам топ-топ зада “қандата зан, духтарро ҳалол кардӣ” гуфт ва ман аз шодӣ гӯё болу пар бароварда, шодон ба хона омадам, аммо...

Як ҳафта пеш падару модарамро ба хонаашон хостгорӣ равон кардам. Дилам пур буд, ки розигӣ медиҳанд, лекин падари Гулрӯ гуфтааст, ки духтарашро аз кӯдакӣ ба писари як хешашон гаҳворабахш карда буданд ва агар хостгории моро қабул кунад, риштаи хешу табориашон канда шуда, душман мешаванд.

Ҳайронам, ки ин гап аз куҷо баромад, чунки то ин вақт боре ҳам нашуданида будем, ки Гулрӯ бо касе гаҳворабахш бошад. Дилашон ба писари хешашон бошад, чаро маро аҳмақ карданд? Қавли мард якто мегӯянд, вале ҳайронам, ки чаро падари Гулрӯ ба қавли мардонае, ки

дар назди чанд кас дода буд, амал кардан намехоҳад?

С. Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД