arzon replenishment
Падарам думи зани дуюмашро гирифта ба Русия рафту…
30.03.2022
ОИЛА
1726

Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ.

Ман як ҷавони 28-солаи оиладор имрӯз ниёз ба маслиҳати шумо дорам. Ману бародаронам бачаҳои падардор бошам ҳам, падарамон ба мо падарӣ накардааст.

Қарзи падариро ба ҷо наоварда, вай чандин сол пеш думи зани дуюмашро гирифта, ба Русия рафту моро фаромӯш кард. Модарамон хизмати мардумро мекард, хонаҳои сарватмандонро меруфту мешусту тоза мекард, то як луқма нон ёфта моро хӯронаду пӯшонад. Бечора модарам бо хизматгорӣ сарашро сафед карда, моро ба воя расонд. Акнун ҳар се мард шудаем ва зиндагиямонро бо савдогарӣ пурра таъмин менамоем. Дигар таънашунав ва мӯҳтоҷу мунтазири касон нестем. Шунидем, ки падарамон ба бемории сил гирифтор шудаасту ҳамсари касофаташ «касалиат мегузарад» гуфта, ӯро аз хонааш рондааст. Падари овораамон дар Русия ҳоли зоре доштааст. Ҳамдеҳагон ин хабарро ба мо расонданду диламон сӯхта хостем ба суроғаш равем, вале модарам ҳатто номи шавҳари фарзандбезорашро шунидан намехоҳад. Гаштаю баргашта дуо мекунад, ки дар вақташ аз мо рӯй тофт, худоё азоб кашида мурад. Бародаронам бо модарам ҳамфикранд ва гапашро тасдиқ намуда мегӯянд, ки ба мо падари бемор даркор нест. Ҳайрон мондааму намедонам чӣ кор кунам. Мабодо падарам дар ғарибӣ бимирад, як умр худамро бахшида наметавонам. Ба ман маслиҳат диҳед, рафта падарамро ёфта биёрам ё ҳаволаашро ба худо супорам?

Мансур, аз Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД