Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, ҳамроҳи модарам зиндагӣ мекардем, бе падар. Медонистам, ки падарам аз хонадони бонуфузе ҳасту даҳ амакӣ ва чор амма дорам. Аммо ҳеҷ кадоме ба хабаргирии ман ва додаракам намеомаданд.
Модарам нақл мекард, ки бо падарам аз рӯйи ризоияти волидон оиладор шудаасту солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ба корҳои ношоиста шуғл варзида, оқибат зиндонӣ гаштааст. Модарам, ки зани босаводу корчалон аст, ба хотири ба мо нарасидани сояи гуноҳи падар, ҳуҷҷатҳои моро дигар карда, худро ҳамчун модари танҳо ба қайд гирифтааст. Дар шаҳодатномаҳои таваллуди мо ба ҷойи ному насаби падар номи бобои модариямонро навиштанд.
Модарам бо тамоми ҳастӣ кор мекарданду кӯшиш менамуданд, ки мо аз чизе камбудӣ надошта бошем, хулоса мо падардорони бепадар ба воя расидем. Вақте падарам аз маҳбас баромад, ман бе дуои ӯ ба хонаи бахтам қадам ниҳода будаму додарам бошад, дар соли дуввуми донишгоҳ мехонд…
Ба гӯши модарам низ хабари аз маҳбас озод шудани шавҳараш расид. Мо хуб медонистем, ки ӯ ҳаргиз падарамро қабул намекунад, чун худамон меҳре ба вай надоштем, бепарво будем….
Ман ба ҷавоне ба шавҳар баромадам, ки волидонаш дар садамаи автомобилӣ фавтида буданду ӯро бибию бобои падарияш калон карда буданд. Пас аз тавлиди фарзанди нахустинамон моро ба хонаи панҷҳуҷрагии барҳаво, ки аз волидони шавҳарам мерос монда буд, гусел намуданд. Ману ҳамсарам донишгоҳи иқтисодиро хатм карда будем, ӯ дар бонки бонуфузе ифои вазифа мекарду ман ба тарбияи писарамон банд будам.
Як субҳ нав писарамро хобонида, хӯрок пухтанӣ будам, ки занги дарамон садо дод, касеро мунтазир набудам, аз ин рӯ, дарро накушодам. Вале пайваста садо додани занг маро маҷбур кард, ки онро кушоям. Пушти дар зани тахминан 50-55- солаи лоғарандоми сафедчеҳра бо ман гарм аҳволпурсӣ кард. Ман ҳам аз ӯ аҳвол пурсидам, ҳарчанд чеҳраи зан бароям гарму шинос менамуд, вале ӯро нашинохтам. “Ман аммаат Шамъигул” гуфта, мушкили маро осон кард зан.
Ростӣ дасту по хӯрдам, охир аммаамро якум бор медидам, бароям шинос намудани чеҳрааш аз он буд, ки ӯ ба падарам хеле монанд буд. Ман суратҳои ҳангоми зиндагии якҷояашон гирифтаи падару модарамро дар албоми холаам дида, яктояшро барои худам дуздида будам. Ҳарду чанд дақиқа пушти дар хомӯш мондем, баъд фикрҳоямро як ҷо ғундошта, аммаамро ба хона таклиф намудам. Ӯ аз остонаи дар ворида шуда, ба дастам пул дода гуфт:
- Суроғаатро аз як ҳамсояи очаат гирифтам, аз ҳаяҷони зиёд дасти холӣ омадам,-ҳарчанд пулро рад кардам, вале ӯ маҷбур онро ба дастам қапонд.
Аммаамро ба меҳмонхона дароварда, зуд пешаш дастархон паҳн намуда, чой овардам, аммо ӯ гуфт:
- Як дам пешам шин, гап дорам.
Аммаам аз рӯзгори падару модарам бароям нақлҳое кард, ки ҳеҷ гоҳ нашунида будам. Аз рӯйи гапи ӯ падарам як ҷавонмарди баобрӯйи варзишгар дар давраҳои ҷанг, муҳофизи додари модарам, яъне тағоям будаасту маҳз ӯ падарамро ба бало тела додааст.
- Ана ҳамон тағои миллиардерат, ҳама сарвату давлаташро аз пушти фурӯши маводи мухаддир ба даст овардааст. Падарат аз пушти ҳамон зиндонию нашъаманд шуд, ман медонам, ки модарат чанд рӯз пеш назди падарат рафта, талоқашро гирифт, зеро шавҳари дигар карданист, аммо шумо бояд падаратонро напартоед, ақаллан аз авҳолаш хабар гиред. Ӯ дар маҳбас ба касалии бедавое печидаасту умраш низ кам боқӣ мондааст, - гуфт бо гиряҳои зор аммаам.
Ростӣ, маро на ғами падараму бемории ӯ, балки хабари шавҳари нав хостани модарам парешон сохта буд. Аммаам рафту ман ба модарам занг зада гуфтам, ки зуд наздам биёяд, ки мушкил дорам.
- Тинҷӣ аст? Бо шавҳарат ҷанг кардӣ? - пурсид модарам ва илова кард:- Дар тарабхона маърака дорем (модарам тарабхонаи шахсӣ дорад) кор аз мӯйи сар зиёд.
Вале ман бо зорию илтиҷо ӯро ба хона хондам. Модарам чун ҳарвақта бо сумкаҳои лабрези меваю ширинию дигар анвои хӯрданӣ вориди хона гашт:
- Имрӯз хӯрок напаз,- гӯён як карсонча моҳии бирён низ оварда буд.
Модари меҳнатрӯзиямро ба оғӯш гирифтаму гиристам. Ӯ бо ҳайрат сарамро сила карда, сабаб пурсид. Ман аз ташрифи ногаҳонии аммааму нақлҳои пуралами ӯ дар бораи падарам гуфтам. Модарам заҳрханда карда гуфт:
- Аммат рост мегӯяд, падарат муҳофизи тағоят буд ва ба ҳамин хотир тағоят ба мо хона харида дод. Ман намедонам тағоят нашъафурӯш буд ё не, вале барои чӣ ягон нафари дигар аз атрофиёни ӯ зиндонию нашъаманд нашуданду фақат падари ту ба ин роҳ рафт. Баъд, падари туро на ба ҷурми нашъафурӯшӣ, балки ба гуноҳи одамкушӣ зиндон карданд. Ӯ ба гурӯҳҳои дузду ёғию тоғӣ, ки худро муҷоҳид мегуфтанду кӯҳ- ба кӯҳу ёла ба ёла мардумро кушта, дороияшонро ғорат мекарданд, якҷоя шуда буд. Падари ту бо ду нафар ҳаммаслакаш як оилаи тоҷирро кушта, хонаву дарашро оташ заданд, аз ин рӯ, ӯро зиндонӣ карданд. Ҳа, ман талоқамро аз падарат гирифтам, зеро мехоҳам зиндагии нав дошта бошам. Агар шахси сазовор пайдо шавад, шавҳар ҳам мекунам, ман аз дунё чизе надидаам.
Пас аз ин гуфтугӯ як ҳафта парешону ғамгин гаштам, вале оҳиста-оҳиста он аз оинаи хаёлам зудуда шуд, зеро ба модарам бештар бовар доштам. Аммаам дидааст, ки аз ман муроде ҳосил намешавад, назди додарам рафтааст. Додари ман ҷавони замонавӣ бошад ҳам, ба анъанаҳои миллӣ ва дину оин эътиқоди сахт дорад. Ӯ баъди шунидани аҳволи зори падараш, ки ягон бор ӯро надида буд, бо модарам маслиҳат мекунад, ки як хонаи холиямонро диҳад то ӯ падарамро биёрад.
Мо пештар дар як хонаи сеҳуҷрагӣ зиндагӣ мекардем, баъд модарам ба тиҷорат даст заду ҳавлии дуошёнаи зебое сохт, боз ду хонаи дигар дар биноҳои баландошёна низ харид, ки дар онҳо иҷоранишин дорем. Модарам низ ба хотири писари ягонааш чизе намегӯяду розӣ мешавад.
Додарам ба иҷоранишинон мегӯяд, ки дар муддати як ҳафта ҷойи худашонро ёбанд ва ба деҳа назди падарам меравад. Аммо падарам барои омадан розӣ намешавад ва мегӯяд, ки ман намехоҳам рафиқони ту маро масту аласт дар кӯчаҳо бинанду ту шарманда шавӣ. Додарам ба ӯ мегӯяд, ки ман туро табобат мекунам, худат ҳам иродаатро ҷамъ намо, вале падарам розӣ намешавад. Дигар мо пайи зиндагии худ аз аҳволи падарам бехабар мондем.
Авлоди модарам низ дар деҳа зиндагӣ мекарданду ҳар гоҳи вохӯриямон дар бораи ба бомж табдил ёфтани падараму шабу рӯз масти лояқил дар кӯчаҳо гаштани ӯ ҳарф мезаданд. Ман худамро ба нодонӣ мезадаму модарам бошад, бепарво мегуфтанд, ки ин зиндагии ӯст, бечора писарам рафт зорияш кард, ки биёяд, боз чӣ кор кунем?!
Модарам пас аз шаш моҳи талоқ гирифтанаш аз падарам дар синни 50-солагӣ бори дигар шавҳар кард, ӯ ба як марди сарватманди ҳоҷӣ зани дуюм шуд. Ба гӯшам овозаҳое расиданд, ки гӯё чандин сол боз модарам бо ин мард иртиботи пинҳонӣ доштаанд. Вале ман модарамро маҳкум накардам, охир ӯ ҳам ба хушбахтӣ ҳақ дорад ё не?!
Зиндагӣ дар маҷрои худ идома дошт ва пас аз ду соли аз маҳбас озод шуданаш, хабари марги падарам расид. Додарам бо мошинаш маро гирифта, ба ҷанозаи падар раҳ пеш гирифтем. Ростӣ, дилам намесухт ва дар ҳайрат будам, ки чӣ гуна рӯйи мурдаи падарам гиря мекунам, чун аз дар даромадем, аммаҳоям бо як овоз ба нолидан даромаданд, ин ҳам ба ман асар накард то даме, ки...
Пас аз бардоштани тобути падарам аммаи калониям маро ба хонаи хоби падарам даровард ва аз дидани манзари хона вуҷудам ба фарёд омад. Аз даҳ амакам акнун чор нафар монданд, дигарҳо ҳама бо маризиҳои гуногун оламро падруд гуфтанд. Дар хонаи бобоии фарсуда амаки хурдиям бо аҳли оилаашу дар ду хоначаи дар як канори хона сохтагӣ падари бечораи ман зиндагӣ мекардааст. Азбаски бисёр нӯшида ҷангу хархаша мебардоштааст, амаку янгаам бо ӯ муносибати хуб надоштаанд.
Ҷойи хоби падарам аз чанд кӯрпачаи чиркини дарида ва ифлос иборат буду рӯйи фарши пӯсида ақаллан гилеме надошт. Дари хона тобхӯрдаю кушода. Ҳамон рӯзи маргаш низ ӯ то дер дар кӯчаҳои ноҳия масту аласт гашта, пас омада ба хоначааш даромада, бо хорию зорӣ ҷон медиҳад. Танҳо субҳ ҷасади сарду карахти ӯро ёфтаанд….
Инак, се моҳ боз ба худ намеоям, ҳарчанд падарам ҳеҷ саҳме дар зиндагии мо надорад, вале наметавонам хоначаи бадбӯ ва мурдаи хору зори ӯро аз ёдам барорам. Нолаҳои аммаам, ки мегуфт:
- Додари хору зорум, додари гушнаи зорум,- аз гӯшам намеравад садо амаам.
Намедонам чӣ кор кунам. Модарам мегӯяд, ки ба равоншинос муроҷиат намудан лозим, шояд хонандагони ҳафтавори «Оила» ба ман маслиҳате медиҳанд, чӣ бояд кард, то аз ин фикрҳои дардовар халос шавам. Охир ман метавонистам ба падарам ёрӣ расонам, ақаллан боре наздаш рафта, хонаву дареро, ки ӯ зиндагӣ мекард, шуста тамиз намоям. Барояш як борак хӯроки бомаззае пухта диҳам. Агар фардо фарзандони ман дар бораи бобояшон пурсанд, ман чӣ мегӯям?! Ин ҳасрат маро мекушад, ки падарам БОМЖ буд…